ХФМ: Русия вуруди 1,2 миллион хориҷии қонуншиканро манъ кард

© Sputnik / Андрей Рудаков / Гузаштан ба хазинаи аксТафтиши асноди муҳоҷирон аз сӯи кормандони ХФМ. Акс аз бойгонӣ
Тафтиши асноди муҳоҷирон аз сӯи кормандони ХФМ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир дар Русия низоми худкори манъи вуруди хориҷиёне, ки тайи як сол қавонини буду бош дар он кишварро нақз мекунанд, амал менамояд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тайи чанд соли ахир беш аз 1,2 миллион хориҷиёне, ки дар қаламрави Русия қонуншиканӣ кардаанд, иҷозаи вуруд ба ФР-ро аз даст додаанд, гуфт Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федералии муҳоҷират.

Ба қавли ӯ, дар Русия ҳоло  низоми худкори манъи вуруди хориҷиёне, ки тайи як сол қавонини буду бош дар он кишварро нақз мекунанд, амал менамояд.

"Шурӯъ аз аввали ҷорӣ гардидани ин муқаррарот, ки ҳоло ду сол ҳам аз он нагузаштааст, беш аз 1, 2 миллион хориҷӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд",- гуфт вай аснои суханронӣ дар ҷаласаи СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) оид ба масоили муҳоҷирати глобалӣ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала