Сӯҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи ФХ даргузашт

© Sputnik / Р. МангасарянГенерал Сӯҳроб Қосимов. Акс аз бойгонӣ
Генерал Сӯҳроб Қосимов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Cӯҳроб Қосимов, фармондеҳони пешини Фронти халқӣ ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе даргузашт.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Собиқ фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаби гузашта бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Наздикони Сӯҳроб Қосимов бо таъиди ин хабар гуфтанд, ки маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар манзилаш дар Душанбе доир мешавад ва ҷасадаш дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда хоҳад шуд.

Сӯҳроб Қосимов аз ҷумлаи он фармондеҳоне аст, ки дар оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон дар авоили солҳои навад шинохта шуд ва дар рӯёрӯии нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бо размандагони нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешин, нақши бориз дошт.

Вай ҳамчун фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки пойгоҳаш дар маҳаллаи Қулпистаи ноҳияи Варзоб ҷойгир буд, то соли 2007 ба муддати 15 сол дар ин мақом ифои вазифа кард. Сӯҳроб Қосимов баъд аз тарки симати фармондеҳи бригадаи махсус ба мақоми раиси Федератсияи футбол нишаст. Аммо дар авоили соли 2012 ин курсӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари президент дода шуд.

Сӯҳроб Қосимов 2 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалики) таваллуд шудааст. Соли 1968 хонаводаи онҳо ба ноҳияи Данғара кӯч баст ва вай дар соли 1978 мактаби миёнаро хатм кард. Аснои таҳсил дар мактаби миёна устоди варзиш оид ба тенниси рӯи мизӣ шудааст. Соли 1980 ба Донишкадаи омӯзгории Маскав ба номи Ленин  дохил шуда, соли 1985 онро хатм кардааст. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ омӯзгори мактаби мутавассита буд.

Лентаи хабарҳо
0