ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Русия ҷиҳати танзими раванди муҳоҷират ва татбиқи меъёрҳои он санаду қонунҳои ҷадидро роҳандозӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Думаи давлатӣ пас аз баррасӣ дар хониши сеюм, қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи реҷаи муҳоҷират то 10 соли дигар наметавонанд вориди Русия шаванд, иттилоъ м едиҳад РИА Новости.

Баъди чанд ҳодисаи пурсарусадо бо ширкати хориҷиён, Русия чунин қонунро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла “формати шенгенӣ” барои муҳоҷирони бе раводид (на бештар аз се моҳ дар ним сол) ҷорӣ гардид. Қаблан, ин қабил муҳоҷирон ба таври мадиду бемӯҳлат дар Русия ба сар мебурданд, зеро қонунгузорӣ талаб мекард, ки дар се моҳ шаҳрвандони хориҷӣ марзи Русияро убур кунанд. Нақзи реҷаи нав ихроҷи хориҷиёнро барои се сол аз қаламрави Русия пешбинӣ мекунад.

Афроде, ки бештар аз шаш моҳ бе санади зарурӣ дар Русия ба сар бурдаанд, ба мӯҳлати панҷ ва онҳое, ки аз нӯҳ моҳ ғайриқонунӣ бештар дар Русия будаанд, ба муддати 10 сол хориҷ карда мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала