Покистон ба ёди қурбониёни ҳамлаи Толибон 3 рӯз азои умумӣ мегирад

Дар ҷараёни ин ҳамла ҳудуди 150 тан, аз ҷумла беш аз 130 донишомӯз кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Покистон дар азои қурбониёни ҳамлаи хунини Толибон ба Пешовар 3 рӯзи мотами умумӣ эълон кардааст, хабар медиҳад Дойчи Велли.

Бар асари ин ҳамла ҳудуди 150 тан, аз ҷумла беш аз 130 донишомӯз кушта шуданд. Раҳбарони ҷаҳон ғазаби шадиди худро нисбат ба ин воқеа иброз доштанд.

Шурӯъ аз имрӯз маросими хоксупории қурбониёни ҳамлаи хунини нерӯҳои Толибон дар шаҳри Пешовар оғоз шуда аст. Ба гуфтаи мақомоти артиши Покистон, ҳафт ҳамлагари Толибон, ки ҳама бомбҳое ба тан баста буданд, омилони ҳамлаи хунинанд.

Таҳдиди ША СММ ба Толибон ва ёварони онҳо

Ҳамлагарон аз девори симии мактаб ба дохил ворид шуда, вориди толори имтиҳонсупории донишомӯзон гаштанд. Он ҷо донишомӯзонро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ин ҳамлагарон сипас ба синфхонаҳо гашта, ба сӯи донишомӯзону омӯзгорон тир шиллик карданд ва иддаеро ба гаравгон гирифтанд.

Дар ҷараёни амалиёти чандинсоатаи артиши Покистон барои поён додан ба ин ҳамла ва гаравгонгирӣ ҳамаи ҳафт террорист кушта шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала