Кинотеатрҳои ИМА филм дар бораи Ким Чен Инро намоиш намедиҳанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксҶХДК 60-солагии поён ёфтани ҷанги Кореяро таҷлил мекунад. Акс аз бойгонӣ
ҶХДК 60-солагии поён ёфтани ҷанги Кореяро таҷлил мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
“Ҳамла”-и ҳакерҳои Кореяи шимолӣ ба шабакаҳои ширкати киносозии “Sony Pictures Entertainment” натиҷа дод, зеро кинотеатрҳои ИМА аз намоиш додани филми “Мусоҳиба” дар бораи пешвои Кореяи шимолӣ даст кашиданд.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Панҷ шабакаи кинотетарҳои бузургтарини Амрико тасмим гирифтанд, ки филми таҳиягар Сет Роген таҳти унвони "Мусоҳиба" дар бораи пешвои Кореяи шимолиро намоиш надиҳанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ба қавли манбаъ, нашрияи Hollywood Reporter навиштааст, кинотетарҳои Regal, AMC, Cinemark, Carmike Cinemas ва Cineplex аз намоиши филм худдорӣ варзиданд.

Ҳакерҳои ҶХДК ба театрҳои ИМА “ҳамла” мекунанд

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳакерҳо, ки чанде пеш роёнаҳои ширкати киносозии "Sony Pictures"-ро шикаста буданд, қасд доранд ба театрҳои ИМА, ки он ҷо намоиши филм таҳти унвони "Мусоҳиба" дар бораи Ким Чен Ин, пешвои Кореяи Шимолӣ баргузор шавад, ҳамла кунанд.

Ширкати киносозии Sony Pictures низ дар мавриди худ ба роҳбарияти кинотетарҳое, ки дар он ҷо намоиши филми "Мусоҳиба" ба нақша гирифта шудааст, муроҷиат карда буд.

Бар асари ҳамлаи ҳакерҳо, ки рӯзи 24 ноябри соли 2014 сурат гирифт, дар чанд роёнаи ширкати киносозӣ се ранги сурх бо навиштаҷоти "GOP", ки зоҳиран маънии  "посдорони сулҳ"-ро дорад, пайдо шуд.

Ба ғайр аз ин, аз хазина (сервер)-ҳои Sony Pictures чанд намунаи филмҳое, ки бояд намоиши онҳо дар моҳи декабр баргузор мешуд, рабуда шуд. Миёни ин наворҳои рабудашуда филми  "Энни", ки дар он ҳунармандони маъруф- Ҷейми Фокс, Кэмерон Диаз, Роуз Бирн, Бобби Каннавале ва дигарон нақш бозидаанд, мавҷуд ҳаст. Муаррифии филм мебоист 17 декабр сурат мегирифт.

Лентаи хабарҳо
0