Путин даҳумин нишасти хабарии васеашро оғоз кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин.
Президент РФ Владимир Путин. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Путин гуфт, бӯҳрони иқтисодие, ки алайҳи Русия равона шудааст, “ҷуброни хоҳишоти Русия барои ҳифзи худ ҳамчун миллат” аст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Путин гуфт, бӯҳрони иқтисодие, ки алайҳи Русия равона шудааст, "ҷуброни хоҳишоти Русия барои ҳифзи худ ҳамчун миллат" аст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин посухро Владимир Путин, президенти Русия ба суоли яке аз хабарнигорони матбуоти кишвар, ки гуфт "оё буҳрони иқтисодии фарогир ҷуброни Русия дар қиболи Қрим аст", дод.

Путин ҳамчунин гуфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар зарфи 10 моҳи гузашта боло рафтааст ва бо вуҷуди талотум дар бозорҳои молӣ хароҷоти давлатӣ зиёд мешавад. Президенти Русия афзуд, ки вазъи ҳозираи иқтисодии кишвараш асосан ба сабабҳои берунӣ ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла бинобар пойин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, иқтисоди кишвар аз мушкилоти ҳозирааш берун мешавад ва барои ин ду сол зарур аст. Ӯ қавл дод, ки дар ин муддат таркиби иқтисоди Русияро тағйир дода ва пойбандии иқтисоди Русия ба нафтро кам мекунад.

Феълан нишасти хабарии Путин бо даҳҳо нафар рӯзноманигор аз дохил ва хориҷи Русия идома дорад. То ин соат вай ба даҳҳо суол посух дод.

Лентаи хабарҳо
0