Мақоми Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА тағйир наёфт

© Официальная страница ФФТ в FacebookМунтахаби футболи Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139-ум), Туркманистон (ҷойи 147-ум) ва Қирғизистон (ҷойи 152-ум) болотар ҷойгир шудааст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 18-уми декабр нашр шуд, бо 215 имтиёз мавқеашро дар байни 209 тими миллӣ дар зинаи 135-ум нигоҳ дошт, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139-ум), Туркманистон (ҷойи 147-ум) ва Қирғизистон (ҷойи 152-ум) болотар ҷойгир шудааст. Мунтахаби Украина, ки дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 25-ум қарор дорад. Баъдан Русия мақоми 31-ум ва Узбакистон мақоми 74-умро касб кардаанд.

Нуриддин Давронов беҳтарин бозигари футболи Тоҷикистон эълом шуд

Мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1725 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1538 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1450 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ тағйир наёфтааст (ҷойи 19-ум). Дар ин қора тими миллии Эрон (ҷойи 51) пешқадам аст. Мунтахаби Ҷопон (54) дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ (69) дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Беҳтарин натиҷаро мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 касб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0