Саакашвили: соли оянда дар Гурҷистон вомехӯрем

© Sputnik / РИА НовостиРайисҷумҳури Гурҷистон- Михаил Саакашвили дар рустои Тсхруквэти. Акс аз бойгонӣ
Райисҷумҳури Гурҷистон- Михаил Саакашвили дар рустои Тсхруквэти. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Саакашвили моҳи ноябри соли 2013, замоне ки Георгий Маргвелашвили, президенти тозаинтихоби Гурҷистон бояд қасам ёд мекард, кишварро тарк карда буд. Тайи ин муддат ӯ ба ватан бозпас наомад ва аз ироаи посух ба пурсишҳои додситонӣ сарпечӣ мекунад, ба замми ин бо мақомот ҳамкорӣ намекунад.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Михаил Саакашвили, собиқ президенти Гурҷистон, ки дар ватанаш бо чанд иттиҳомот муттаҳам дониста мешавад ва дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дорад, ишора кардааст, ки соли оянда ба Гурҷистон бармегардад. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

"Ташаккур аз якояки шумо барои табрикот дар рӯзи мавлуди банда. Соли дигар дар Гурҷистон вомехӯрем",-навиштааст оқои Саакашвили дар саҳифаи инфиродиаш  дар шабакаи Facebook.

 Додситонии Гурҷистон қаблан дар нисбати Саакашвили тибқи чанд парванда иттиҳом эълон карда буд. Ӯ дар сирқати молу амволи давлатӣ (ҳудуди 5 миллион доллар), пароканда кардани эътирози 7-уми ноябри соли 2007, лату кӯби вакили парлумони Гурҷистон- Валерий Гелашвили, инчунин барои ҳамдастӣ дар куштори Сандро Гиргвлиани, корманди бонки миллӣ  дар соли 2006 гумонбар аст.

Собиқ райисҷумҳури Гурҷистон ҳоло дар ҷустуҷӯи дохилӣ қарор дошта, додситонӣ барои дар рӯйхати кофтукоби байналмилалӣ гузоштани исми ӯ ба Интерпол муроҷиат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала