Sony Pictures: “Мусоҳиба” дар синамохонаҳои Амрико ба намоиш медарояд

© Фото : Филипп КравцовИМА. Акс аз бойгонӣ
ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин филм қаблан бино бар сар задани баҳси байналмилалӣ дар атрофи эҷодаш, аз намоиш боз дошта шуда буд. Sony Pictures Entertainment ба далели таҳдиди ҳакерҳо нахустнамоишашро, ки қарор буд 25 декабр ба роҳ монад, бекор карда буд.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Филми мазҳакавии "Мусоҳиба" ("Интервью"), ки дар бораи сӯиқасд ба ҷони роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ҳикоя мекунад, 25 декабр дар бештар аз 200 синамохонаи мустақили Амрико намоиш дода хоҳад шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар робита ба намоиши филм ширкати истеҳсолгари лентаҳои кино Sony Pictures қарор қабул кардааст.

Ин филм қаблан бино бар сар задани баҳси байналмилалӣ дар атрофи эҷодаш, аз намоиш боз дошта шуда буд. Sony Pictures Entertainment ба далели таҳдиди ҳакерҳо нахустнамоишашро, ки қарор буд 25 декабр ба роҳ монад, бекор кард.

Ҳакерҳои гуруҳи "Муҳофизони сулҳ" (Guardians of Peace), ки пештар шабакаи компютерии ширкати Sony-ро рахна карда буданд, гуфтанд дар сурати намоиши филм "ҳодисае монанд ба ҳамлаи 11 сентябри соли 2001"-ро дар синамохонаҳои амрикое, ки "Мусоҳиба"-ро намоиш медиҳанд, роҳандозӣ хоҳанд кард. Аммо манзури онҳо аз ҳамла чӣ буд, то кунун нофаҳмост.

Филми "Мусоҳиба"-и коргардонҳо Эван Голдерберг ва Сета Роген дар бораи он нақл мекунад, ки барандаи як барномаи шоуи телевизиони амрикоӣ ва дӯсташ мехостанд аз Ким Чен Ин мусоҳиба гиранд. Дар зимн корманди СРУ ба онҳо муроҷиат карда, дархости куштани роҳбари Кореяи Шимолиро мекунад. Ин филм чанд дафъа аз ҷониби ҳукумати Куриёи Шимолӣ интиқод шуда буд, аммо вокунишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0