Маматалиев: масъалаи роҳҳои гузаргоҳӣ бо ҶТ пурра ҳал шуд

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузаштан ба хазинаи аксТармим ва таҷдиди роҳи Бишкек-Нарин-Торугарт. Акс аз бойгонӣ
Тармим ва таҷдиди роҳи  Бишкек-Нарин-Торугарт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони роҳҳои мошингард, ки вақтҳои ахир боиси таниши муносибот миёни Бишкеку Душанбе мегардид, ба ҳалли ниҳоии худ наздик расидааст, фақат баррасии масъалаи истифодаи муштараки онҳо мондааст.

Душанбе, 25 дек — Sputnik. Дар бораи марҳилаи анҷомёбии бунёди роҳи гузаргоҳӣ тариқи деҳаи Оқсой ва ду пули мошингард дар ноҳияи Лайлаки вилояти  Бодканд оҷонсии Авеста бо истинод ба ВАО-и Қирғизистон иттилоъ дод.

Муовини нахуствазири ҶҚ Абдураҳмон Маматалиев дар ин маврид иброз дошта афзуд, дар моҳи январи соли 2015 сохтмони роҳ ба анҷом хоҳад расид.

Ба қавли вай, ихтилофи назарҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи бунёди роҳи мазкур вуҷуд надорад. "Аввали сол роҳро ба истифода медиҳем, сохтмони пулҳо низ  дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд",- гуфт Маметалиев.

"Паҳлӯҳои зиддунақизи сохтмони роҳҳо аллакай ҳаллу фасл шуданд. Дар ин даври музокирот мо фақат рӯи минтақаҳои қаблан матраҳнашуда тамаркуз мекунем.Манзур — бунёди ду роҳи нави мошингард дар минтақаи Ворухи Исфара аст, ки яке ба Тоҷикистон, дуюм ба Қирғизистон тааллуқ дорад, ки сокинони Ворухи Тоҷикистонро ба Исфара ва роҳи Уши Қирғизистонро тавассути деҳаи Оқсой мустақиман ба Бодканд пайваст мекунад",-илова кардааст муовини нахуствазири Қирғизистон.

Тоҷикистону Қирғизистон сари бунёди якҷоя ва ҳамзамони ин роҳу пулҳо ду моҳ пеш ба созиш расида буданд.  Баъди ҳалли мушкили бунёди ин роҳу пулҳои баҳсбарангез, ки борҳо ба муноқишаву низоъҳои марзӣ боис мегашт, ҳоло дар ин манотиқ оромӣ барқарор шудааст. Қисматҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир сабаби асосии нофаҳмиҳо байни сокинони марзиву муноқишаҳзо боқӣ мондаанд.

Ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тайи музокироти пайвастаи худ то кунун дар бораи аломатгузории марзи муштараки 970 километрии ин ду кишвар, бинобар вуҷуди ихтилофи назар бар сари бархе манотиқ, танҳо бо мушаххас намудани 520 километри хати марзӣ мувофиқат кардаанд. Ҳоло хати марз байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ки печидаву дорои нуқтаҳои зиёди баҳнок аст, муайянношуда боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала