Қувватовро аз як боздоштгоҳ ба боздоштгоҳи дигар интиқол додаанд

Обуна шудан
Қувватов дар як сӯҳбати телефонӣ аз Истамбул гуфтааст, мақомоти умури дохилӣ маҳалли нигаҳдошти ӯ ва се ҳамроҳи дигарашро тағйир доданд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Умаралӣ Қувватов ва се ҳамроҳи дигари боздоштшудааш аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба шароити нармтаре интиқол дода шудаанд, менависад Радиои Озодӣ.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Истамбул Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнъ аст, гуфтааст, маҳалли нигаҳдошти имрӯзиаш аз ҷои қаблӣ беҳтар буда, дастрасӣ ба як вакили дифои давлатӣ, матбуот ва телефони ҳамроҳ дорад ва таъкид мекунад, ки ҳуқуқаш риоя мешавад.

Раҳбари "Гурӯҳи 24" мегӯяд, ҳамроҳони боздоштшудааш — Ҳусейн Ашӯров, Абдурашид Ҳамидов ва Сӯҳроб Тӯраев — ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон — аъзои "Гурӯҳи 24" ва ҳам муҳофизонаш" мебошанд.

"Гуноҳи мо ин аст, ки дар давоми 10 моҳи зиндагӣ дар Истамбул суроғаи дақиқи худро ба органҳои умури дохила хабар надодем. Вале мо дар дафтари СММ ба унвони паноҳанда сабти ном шудаем. Дар ин муддат аз тарси дастгир ва ё рабуда шудан ба Тоҷикистон мо се бор ҷои зиндагиамонро дар Истамбул дигар кардем. Ҳароси мо ин буд, ки мабодо агар мо дар ин ҷо расман сабт шавем, ин иттилоъ ба ҷосусҳои ҳукумати Тоҷикистон мерасад ва онҳо ҷои зиндагии моро ошкор мекунанд. Азбаски мо дар даст санаде аз СММ доштем, мо ҳамаи инро ҳоло ба полиси Туркия ҳам фаҳмондем", — афзудааст Қувватов.

Роҳбари "Гурӯҳи 24" бовар дорад, ки базудӣ ӯву ҳамроҳонаш озод мешаванд. Вай гуфт, вакили дифояш ӯро мутақоид кардааст, ки мавқеи сиёсии ӯ ва санадҳояш бояд барои озод шудани ӯ мусоидат кунанд.

Умаралӣ Қувватов бо ҳамроҳонаш 19 декабр боздошт шуд. Ӯ ва тарафдоронаш бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба танқиди мақомоти Тоҷикистон ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даст мезананд.

Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод.

Лентаи хабарҳо
0