Неруҳои марзбонӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда зарари маънавиро намепардозад

© SputnikСаҳифаи инфиродии Шаҳбол Мирзоев дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте
Саҳифаи инфиродии Шаҳбол Мирзоев дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ин бора ҳуқуқшиноси Сарраёсати марзбонии КДАМ дар мурофиаи додгоҳӣ иброз дошта афзуд, ки пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷруҳшударо қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Намояндаи КДАМ пардохти ҷубронро ба зиммаи духтур ва ҳамшираи шафқати навбатдор ҳавола кард.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар нахустин мурофиаи додгоҳии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев бо Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, рӯзи 24 декабр дар бинои Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе бо даъвои пардохти 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ  баргузор шуд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Ҳуқуқдони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ  Зоиршо Назиров гуфт,  ки ин ниҳод  пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоевро қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Ӯ дар ин робита гуфтааст, ки дар сурате дигар кормандон Шаҳболро маҷрӯҳ кардаанд, чаро сарраёсат онро ҷуброн намояд.

"Сарраёсати марзбонӣ дар ҳаҷми 7252 сомонӣ, ба иловаи 5 литр хун ба Шаҳбол кӯмак кардааст. Ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 3000 сомонӣ ва сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар ҳаҷми 2230 сомонӣ ба Шаҳбол кӯмаки якдафъина расонидаанд",-иброз доштааст Назиров.

Аммо Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунанд, чун фарзанди зерҳимояи ӯ, аз сӯи хидматчии ин ниҳод латукӯб гардидааст.

Шаҳбол Мирзоев, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 марти соли 2014 баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Додгоҳи гарнизони Душанбе дар моҳи июн Усмоналӣ Ғайратовро бо ҷурми бадрафторӣ ба сарбоз ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0