Назарсанҷӣ: 66 % фаронсавиҳо мухолифи кӯмаки молиявӣ ба Украина

© SputnikМанораи Эйфел. Париж, Фаронса
Манораи Эйфел. Париж, Фаронса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Таҳқиқоти анҷомёфта дар се кишвари аврупоӣ аз сӯи оҷонсии ICM Research бо дархости Sputnik маълум кард, ки аксари пурсидашудаҳо дар Фаронса мухолифи идомаи ироаи кӯмакҳои молӣ аз сӯи ИА ба Украина мебошанд.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Бар пояи тадқиқоти оҷонсии ICM Research бо дархости Sputnik, ки дар Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир сурат гирифт, 66 % фаронсавиҳо идомаи ирсоли кӯмакҳои молӣ ба Украинаро ҷонибдорӣ намекунанд.

Оҷонсӣ ба сокинони ин се кишвари аврупоӣ бо саволи “ИА ба Украина ёрии молиявӣ мерасонад ва дар ҳоли ҳозир ҳаҷми он аз 1,6 миллиард евро гузашт, ба назари шумо Иттиҳоди Аврупо ин амалро идома бидиҳад, ё дигар маблағ ҷудо накунад?”, муроҷиат кард.

Парчами Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар Берлин - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: 40 % дар Олмон хостори лағви таҳримот алайҳи ФР ҳастанд

Дар маҷмӯъ, аҳолии кишварҳои аврупоӣ аксаран гуфтанд, ИА аллакай маблағи зиёд масраф кард ва идомаи маблғгузорӣ ба иқтисоди Украина бемантиқ аст. 55 % сокинон ҷонибдори қатъи кӯмакҳо мебошанд. Ҳамагӣ 35 % иброз доштанд, ки ироаи кӯмакҳои молӣ бояд идома кунад. Назари аврупоиҳо дар ин масъала мухталиф ҳаст.

Таври мисол, олмониҳо ҷонибдори зиёд кардани кӯмакҳои молиявӣ ба Украина ҳастанд (55 %). Дар Британияи Кабир ва Фаронса бошад, баръакс. Мутаносибан 59 ва 66 %-и аҳолии ин ду кишвар мухолифи идомаи ироаи кӯмакҳои молиявии ИА ба Украина мебошанд.

Ба суолҳои ҷомеашиносон аз оҷонсии ICM Research 3013 нафар посух гуфтанд. Интихоб аз рӯи ҷинс, сину сол, ҷуғрофия сурат гирифта, фосилаи итминон  +/- 3,1%  ва эҳтимолияти эътимод 95 %-ро ташкил медиҳад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0