Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тағоймуродов номзади интихоботи парлумонии Тоҷикистон шуд

Исми Анвар Тағоймуродов бори аввал зимни даъвояш бо хабарнигори нашрияи Азия-плюс вирди забонҳо шуд. Дар соли 2010 Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрия дар мавриди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон таҳқиқоти журналистӣ анҷом дод ва Тағоймуродов нашрияро ба "тавҳину бӯҳтон" муттаҳам кард.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба вакилии парлумон ҳамчун номзад пешбарӣ шудааст, хабар медиҳад нашрияи Хатлон.

Генерал-майори милиси Тағоймуродов аз ҳавзаи якмандатаи №26 шаҳри Қурғонтеппа ба вакилӣ пешбарӣ шудааст. Ба навиштаи нашрияи, генерал Тағоймуродов дар гузашта низ таҷрибаи кор дар маҷлиси намояндагонро доштааст. Вай аз соли 1984 ба ин сӯ дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси кунунии парлумон номзади интихобот шуд

Исми Анвар Тағоймуродов бори аввал зимни даъвояш бо хабарнигори нашрияи Азия-плюс вирди забонҳо шуд. Дар соли 2010 Рамзия Мирзобекова дар мавриди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон таҳқиқоти журналистӣ анҷом дод ва Анвар Тағоймуродов, ки он замон сардори Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД буд, нашрияро ба "тавҳину бӯҳтон" муттаҳам кард.

Баҳси нашрия бо Тағоймуродов ба додгоҳ кашид. Он замон даъвогар аз Азия-плюс ва муаллифи мақола Рамзия Мирзобековаро "барои паст задани шаъну шараф" 1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ талаб карда буд. Аммо баъд аз чанд моҳи даъвоҳои додгоҳӣ билохира генерал бо нашрия "сулҳ" кард.

Дар ибтидои соли 2012 Тағоймуродов дар вилояти Хатлон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шуд ва инак ба номзадии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

Тағоймуродов Корманди шоистаи ВКД, дорандаи медали 10-солагии Шӯрои вазоратҳои умури дохилии кишварҳои узви ИДМ, ордени «Шуҷоат», Ифтихорномаи Ҳукумати кишвар ва беш аз 30 медали ВКД-и Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала