ФИФА 12 довари тоҷикро ба рӯйхати ҳакамони байналмилалӣ ворид кард

© Flickr \ Martin RødvandҲуштаки довар
Ҳуштаки довар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсиони байналмилалии футбол рӯйхати доварони ФИФА-ро барои соли 2015, ки ба он 12 довари тоҷик низ дохил аст, эълон кард.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Федератсиони байналмилалии футбол рӯйхати доварони ФИФА-ро барои соли 2015, ки ба он доварони тоҷик низ дохиланд, эълон кард, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон12 нафар шомиланд: 4 довари ФИФА, 6 ёвари довари  ФИФА ва 2 довари ФИФА оид ба футзал. Ба рӯйхати сардоварон душанбегиҳо Аъзамҷон Бӯриев ва Парвиз Муртазоев, Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ ва Насрулло Кабирови норакӣ дохил шудаанд. Ёварони довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод (ҳарду аз Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён) мебошанд. Ба рӯйхати доварони ФИФА оид ба футзал барои соли 2015 Эркинҷон Мадибоевидушанбегӣ ва Абдумалик Ғаффорови хуҷандӣ ворид шудаанд

Манбаъ менависад, дар рӯйхати имсола нисбат ба рӯйхати порсола панҷ нафар иваз шудаанд. Ҳамин тавр, Аъзамҷон Бӯриев (довари ФИФА), Хусрави Сиддиқзод (ёвари довари ФИФА), Рустамбек Хуҷаев (ёвари довари ФИФА),  Эркинҷон Мадибоев (довари ФИФА оид ба футзал) ваА бдумалик Ғаффоров (довари ФИФА оид бафутзал) дар рӯйхати доварони ФИФА мутаносибан Равшан Ишматов, Дилшод Назипов, Ҳабибулло Нарзуллоев, Комил Қурбонов ва Рустам Нуровро иваз карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0