Сардори пешини РКД муовини раиси вилояти Бадахшон таъин гардид

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксЭмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Соли нави 2015 чанд роҳбари навоҳии вилояти Хатлонро иваз карда, ду муовини раиси вилояти Бадахшонро низ таъин намуд.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъини собиқ сардори раёсати умури дохилии Бадахшон, полковник Назришоев Тоҷиддин ба ҳайси муовини раиси ин вилоят розигӣ дод, иттилоъ медиҳад сомонаи президент.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, президент тибқи қонун дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъини Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич ба ҳайси муовини аввали раиси Бадахшон розигӣ додааст. Нуралӣ Раҳмоналиевич то ҳол раҳбарии раёсати кор бо мақомоти маҳаллии дастгоҳи раисиҷумҳурро ба ӯҳда дошт.Риоев дар курсии муовини якуми раиси Бадахшон Амрихудои Дамдорро иваз намуд, ки аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ ҳамчун номзад ба парлумон пешниҳод шудааст.

Раҳмон раисони 8 шаҳру ноҳияи кишварро иваз кард

Ҳамзамон, бо фармонҳои президент Эмомалӣ Раҳмон раисони панҷ ноҳияи вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ иваз карда шуданд. Зимнан, Саидумрон Абдураҳмонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт барканор шуда, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Саъдулло Бекназарзодаро иваз кард. Бо фармони дигари Президент Қаноатшо Лоиқов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин шуд.

Инчунин, Убайдулло Абдуллоев, раиси ноҳияи Хуросон аз вазифааш озод ва ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъин шуд. Дар ин вазифа то ҳоло Маҳмадраҳим Исмоилзода кор мекард. Ба ҷои Убайдулло Абдуллоев Раҳматулло Сафарзода ба курсии раиси ноҳияи Хуросон нишаст.

Пирмадхон Зарифӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Мӯъминобод озод ва ба ҷои ӯ Тоҳирхон Амиршоев таъин шуд.

Лентаи хабарҳо
0