Эътирози дусоатаи савдогарони бозори Панҷшери Душанбе

© SputnikКурбон Чолов. Архивное фото
Курбон Чолов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Корпартоии тоҷирони бозори "Панҷшер" дар Душанбе, ба гуфтаи шоҳидон, аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то соати 10 идома ёфтааст. Ин эътироз дар ҳолест, ки моҳе пеш соҳиби қаблии бозор - Панҷшер Чолов фавтид ва ин бозор ба ихтиёри Сулаймон Чолов, амаки ӯ гузашт.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Субҳи имрӯз тоҷирони бозори "Панҷшер", (собиқ бозори Саховат), воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе бино бар далели боло рафтани арзиши иҷораи дӯконҳои савдо даст ба эътирози дусоата задаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Корпартоии тоҷирони бозори "Панҷшер" дар Душанбе, ба гуфтаи шоҳидон, аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то соати 10 идома ёфтааст. Ин эътироз дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки моҳе пеш соҳиби қаблии бозор — Панҷшер Чолов, писари Қурбон Чолов фавтид ва ин бозор ба ихтиёри Сулаймон Чолов, амаки ӯ гузашт.

Ҷавоне, ки худро Сулаймон ва ҳуқушиноси бозори "Панҷшер" муаррифӣ кардааст, ба "Озодӣ" гуфтааст, пас аз сӯҳбат бо эътирозгарон ва ваъдаи омӯзиши хостаҳояшон онҳо ором гирифта, ба ҷойҳои корашон баргаштаанд.

"Мо гуфтем, ки ҳоло раҳбарияти бозор нест. Вақте омад, назди ӯ шикоятатонро расонед. Онҳо моро фаҳмиданд ва ҳоло ба ҷои савдояшон рафтанд", — гуфтааст Сулаймон.

Тоҷирони эътирозгар ба "Озодӣ" гуфтаанд, ки пас аз фавти Панҷшер Чолов амаки ӯ арзишҳои иҷораи дӯконҳои савдоро "бе ягон сабаб боло бурд", ки барои соҳибкорон хеле гарон аст.

Бозори "Панҷшер" дар соли 2005 дар қисме аз ҳудуди бозори "Саховат" сохта шуд. Ин бозор ба Панҷшер Чолов рабт дошт, ки моҳе пеш дар синни 31 солагӣ аз дунё даргузашт. Ҳоло раҳбарии ин бозорро Сулаймон Чолов, яке аз дигар бародарони Чоловҳо ба дӯш дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала