Қосимзода: дар Тоҷикистон харидуфурӯши мансаб номумкин аст

© SputnikҲамоиши байналмилаллии "Хонишҳои Столипинӣ"
Ҳамоиши байналмилаллии Хонишҳои Столипинӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сарусадо оид ба фурӯши мансабҳои давлатӣ дар кишварро рад кард.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон  изҳор дошт, ки то ҳол, аз ҷумла тайи соли 2014 дар робита ба харидуфурӯши мансаб ягон шикояте ба Агентии хизмати давлатӣ ворид нашудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Озодагон".

Ба гуфтаи ӯ, давоми як сол ҳамагӣ ду шикоят ба Агентии хидмати давлатӣ ворид шудаанд, ки яке дар бораи ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар Вазорати нақлиёт ва дигаре дар бораи нодуруст ҳисоб кардани собиқаи корӣ буд.

Ӯ афзуд, дар кишвар харидуфурӯши мансабҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Шояд ҳангоми гузарондани озмунҳо тақаллубе сурат гирад, вале то ҳол мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст. Муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатӣ гуфт, дар соли 2014 12 ҳолати бе озмун ба хизмати давлатӣ қабул намудани кормандон ба қайд гирифта шуд, ки баъдан ислоҳ гардиданд. Ӯ инчунин илова намуд, ки дар соли 2014 ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бо муваффақият аз аттестатсия гузаштанд.

Ин дар ҳолест, ки миёнаҳои соли 2014 Амрико бо нашри як гузориши байналмилалӣ изҳор дошт, ки мансабхарию мансабфурӯшӣ дар Тоҷикистон ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Оҷонсии зидди фасод низ аз боздошти як мансабдори Хадамоти гумрук хабар дода буд, ки барои "курсии мансаб" аз зертобеяш 15 ҳазор долллар (муодили 80 ҳазор сомонӣ) пора гирифтааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала