Директори ТАЛКО вакили парлумон мешавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАнҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ
Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ду номзади дигарро барои курсии вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод мекунад. Тавре қаблан иттило дода мешуд, ҲХДТ 28 нафарро тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ карда буд.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Садриддин Шарипов, директори иҷроияи КВД "ТАЛКО" аз ҲХДТ номзад ба вакили парламент мешавад, иттилоъ медиҳад оҷонсии TojNews.

Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҲХДТ дар тасдиқи ин хабар гуфт, ки 12-уми январ конфренсияи созмони ҲХДТ дар Шаҳринав баргузор мешавад. Дар назар аст, ки номзадии Шарипов пешниҳод шавад, албатта, агар конфронси ноҳиявӣ дастгирӣ кунад.Садриддин Шарипов қаблан низ вакили парламенти Тоҷикистон буд.

Имтиҳон аз забони давлатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КМИР: ҳамаи номзадҳои ҲХДТ санҷишро аз забон супориданд

Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ Олимҷон Салимзода, вакили парламент аз ҳавзаи №22 ноҳияи Айнӣ, генерал Ҷӯрахон Маҷидзода, сардори Академияи милисаи ВКД аз ҳавзаи №38-и ноҳияи Мӯминобод, Ҳилолбӣ Қурбонова, муовини якуми раиси Кумитаи занон ва оил аз ҳавзаи №36 ноҳияи Данғара, Акрамшо Фелалиев, вакили парламент аз шаҳри Хоруғ ҳавзаи №41, Бадриддин Садриддинов, вакили парламент аз ноҳияи Қубодиён ҳавзаи №31 ва Аслиддин Қутбиддинов, раиси ҶСШК "Сапеда", соҳибкор аз шаҳри Истаравшан ҳавзаи №23 аз ҲХДТ номзад ба вакилӣ пешниҳод шудаанд.

Тибқи қонуни интихоботи порлумони Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ 60 рӯз пеш аз интихобот шурӯъ шуда, 15 рӯз давом мекунад.

Интихоботи навбатии маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1 март таъин шудааст ва ба ин далел, пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ 30 декабр оғоз ёфт

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала