Барои Шуҳрат Қудратов 11 соли зиндони низомаш сахт талаб карданд

© Страница Ш. Кудратова в Facebook / Гузаштан ба хазинаи аксШуҳрат Қудратов
Шуҳрат Қудратов - Sputnik Тоҷикистон
Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми январ гуфт, дар мурофиа гунаҳкор будани Қудратов исбот шуд.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Барои Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшуда айбдоркунандаи давлатӣ 11 соли зиндони низомаш сахт хостааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми январ гуфт, дар мурофиа гунаҳкор будани Қудратов исбот шуд.

"Моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ 9 соли зиндон ва моддаи 320-и ин Кодекс то 6 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд", — афзудааст айбдоркунандаи давлатӣ.

Дар маҷмуъ ӯ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам намояд.

Айбдоркунандаи давлатӣ таъкид намудааст, ки дар қазияи Қудратов омили сабуккунанда фарзандони ноболиғи айбдоршаванда мебошанд.

Додрас дар мурофиа то фардо, 8-уми январ танаффус эълон кард. Дар мурофиаи 8-уми январ баромади Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Қудратов дар назар аст, ки ба гуфтаи вакили дифоъ, аз 50 саҳифа иборат мебошад.

Шухрат Кудратов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пулҳое, ки аз манзили Қудратов мусодира шуд, ба Бобораҷабова медиҳанд

Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш — Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати "Пайванд" айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида — раиси ширкати "Пайванд" пешбинӣ шуда буданд.

Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов, бародари собиқ раиси ширкати манзилсозии  "Мовароуннаҳр" — Ҷурабек Охунов, қаблан иддао дошт, ки Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Шуҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду дархости Зоиров аз додгоҳ дар робита ба парвандаи Қудратов

Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд.

Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари боқимондаро ба манфиати худ истифода кардааст.

Дар мурофиаи рӯзи 24-уми декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъво алайҳи Қудратов даст кашида ва маблағҳоро низ бахшидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала