Молики бозори “Ином" дар бадномкунии додарарӯси президент муттаҳам шуд

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, Абдуллоев қарори додгоҳро дар мавриди ба Саъдуллоев додани як қисми бозори “Ином” беасос хонда, тариқи расонаҳо Саъдуллоевро бадном мекардааст.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Бурҳон Абдуллоев, молики бозори "Ином"-и Шаҳритус дар бадномкунии Муҳибулло Саъдуллоев, саҳмдори дигари ин бозор ва додарарӯси раисиҷумҳур муттаҳам шуд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Дар ин бора вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориш хабар додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Абдуллоев қарори додгоҳро дар мавриди ба Саъдуллоев додани як қисми бозори "Ином" беасос хонда, тариқи расонаҳо Саъдуллоевро бадном мекардааст. ВКД мегӯяд тафтишот собит намудааст, ки Саъдуллоев расман яке аз соҳибмулкони бозори "Ином" мебошад, аммо Абдуллоев инро рад карда, ба баҳси тиҷории худ тобиши сиёсӣ медод.

Гумонбаршуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Молики ”Ином” ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ дар пайи содир шудани қарори додгоҳ Абдуллоев аз ҳисоби кинаю адоват 18-уми декабр ба ивази маблағи муайян ба Ризвонов Ҳошимҷон супориш додааст, ки қисмати ба Саъдуллоев тааллуқдоштаи бозорро оташ занад.

Мақомот мегӯянд, оташсӯзӣ бояд шаби 19-уми декабри соли 2014 амалӣ мешуд, аммо маъмурини милиса аз он ҷилавгирӣ намуданд.

Ҳошимҷон Ризвонов, ки шарики Абдуллоев арзёбӣ мешавад, дар гузориши ВКД шоҳидӣ додааст, ки "аз мағоза дастпӯшак, зажигалка ва аз нуқтаи сӯзишворӣ дар 8 зарф 12 литр бензин гирифтем. Симкартаҳоро иваз намудем, то дар вақти суҳбатҳо ба даст нағалтем. Тариқи ҷӯйбори обпарто омадем, ки мақомоти милиса моро дастгир намуданд."

ВКД мегӯяд, боздошт соати 24:00-и шаб ҳангоми ба назди бозор ҳозир шудани Ризвонов сурат гирифтааст.

Ба иттилои мақмомот феълан нисбати Ризвонов Ҳошимҷон ва Бурҳон Абдуллоев бо моддаи 32 қисми 3 — тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 — қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Аммо Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев дар суҳбат бо оҷонсии "Озодагон" гузориши ВКД-ро дур аз ҳақиқат ва беасос хондааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома назари Бурҳон Абдуллоев, ки ӯро дар оташ задани бозори худ гунаҳкор мекунанд, шунида намешавад.

"Чаро дар ин гузориш Абдуллоевро намоиш намедиҳанд ва аз ӯ боре ҳам намепурсанд, ки ин ҳарфҳои Ҳошим то куҷо ҳақиқат доранд? Дигар ин, ки вақти боздошт, Ҳошим дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ӯро берун аз бозор дар рӯбарӯи пости БДА дастгир мекунанд. Одаме, ки қасди оташ задани бозорро дорад, дар назди пост чӣ кор мекунад?",- гуфтааст Абдуллоева.

Хонум Абдуллоев инчунин илова намуд, дар ин қазия Ҳошими як шарики дигар низ дорад, ки маҳз ӯ ин ҳама маводи сузишвориро омода ва ба дасти Ҳошим медиҳад, аммо дар гузориши ВКД аз ӯ зикре нашудааст.

Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори "Ином"-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд ва таҳқиқи парвандааш идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала