Ба таблиғи ҲХДТ дар интихоботи парлумонӣ 20 ҳазор машғул мешаванд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАнҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ
Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби бузургтарини кишвар- ҲХДТ барои тарғибу ташвиқ дар маъракаи пеш аз интихоботӣ ихтиёриён, коршиносон ва нозирону таҳлилгаронро ҷалб мекунад.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар раванди маъракаи омодагӣ ба интихобот аз ҲХДТ 20 ҳазор таблиғгар ширкат менамояд, менависад сомонаи ин ташкилоти сиёсӣ.

ҲХДТ дар раванди маъракаи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ва маҷлисҳои шаҳраку деҳот бо 20 ҳазор таблиғгарон дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шурӯъ аз 15 январи соли ҷорӣ фаъолияти худро рӯзҳои наздик оғоз мекунанд.

Имтиҳон аз забони давлатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КМИР: ҳамаи номзадҳои ҲХДТ санҷишро аз забон супориданд

"Аз ин миқдор 7 ҳазор таблиғотчӣ, 7 ҳазор нозирони миллӣ ва зиёда аз 6 ҳазор волонтёрон аз ҳисоби фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошанд",-омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳизби ҳоким 28 номзади худро ба вакилӣ дар парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод сохта, дар ҳамаи ҳавзаҳои якмандатӣ низ бо номзадҳояш ширкат хоҳад кард.

Интихоботи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони мамлакат) рӯзи 1 марти соли равон баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала