Президенти ҶТ барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоиза медиҳад

© Официальная страница президента РТ в FacebookВарзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Сочи. Акс аз бойгонӣ
Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Сочи. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик фармон додааст, ки аз ҳисоби фонди президент барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи махсус ташкил карда шавад.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Ҷоизаи президент барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президент таъсис дода мешавад, менависад сомонаи расмии райисҷумҳур.

Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар давоми 2 моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи gрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ намояд.

Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон

Ташкили ҷоизаи махсуси президент дар ҳолест, ки сол ба сол теъдоди ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. То ҳол танҳо Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик барои ишғоли ҷои сеюм дар олимпиада бо ҷоизаю мукофотпулиҳои назаррас, аз ҷумла хона дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб қадрдонӣ  

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2014  варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш дар 90 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон "Гран При" ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 897 медал, аз ҷумла 250 тилло, 243 нуқра ва 404 биринҷӣ ба даст овардаанд. Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш 1510 варзишгар шомил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала