Раиси кумитаи телевизион: ба шаҳрдории Душанбе ғаразе надорем

© Sputnik Амир ИсаевАсадулло Рахмонов. Архивное фото
Асадулло Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ин мақомдори тоҷик, ки рӯзи 9 январ дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфтааст, "ин иддаоҳо беасос аст ва ҳеҷ ғаразе дар барномаи танқидӣ вуҷуд надорад."

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизион "маъракаи густардаи телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев"-ро беасос хондааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Ин мақомдори тоҷик, ки рӯзи 9 январ дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфтааст, "ин иддаоҳо беасос аст ва ҳеҷ ғаразе дар барномаи танқидӣ вуҷуд надорад."

Асадулло Раҳмон дар идомаи ин масъала гуфт, ки хабарнигорон вазоифи ҳирфаии худро анҷом медиҳанд ва бо дидани камбудиҳо, гузориш таҳия мекунанд ва "дар ин ҷо ҳеҷ ғаразе нест".

Ҷаноби Раҳмон мегӯяд, гузоришгарони телевизионҳо дар минтақаҳо камтар фаъол ҳастанд, аз ин рӯ дар мавриди пойтахт бештар гузориш мекунанд.

Қаблан, шарҳрдории Душанбе тариқи телевизионҳои сартосарии давлатӣ барои ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияташ танқид шуда буд. Аз ҷумла, барои холӣ мондани Маркази тиҷоратии "Пойтахт 90" аз тоҷирон, ки бо харҷи бештар аз 50 миллион доллар бунёд шуда, қабл аз ҷашнгирии 20 солагии Сарқонун дар моҳи ноябри соли 2014 бо иштироки президент фаъол шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала