Зарафо Раҳмонӣ аз ҳавзаи №1 Тоҷикистон номзад шуд

© Sputnik Амир ИсаевОфис ПИВТ. Архивное фото
Офис ПИВТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Номзадии Зарафо Раҳмонӣ дар конфронси пешазинтихоботии ин ҳизб 9 январ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҳамзамон ҳавзаи рақами 1 Тоҷикистон аст, пешниҳод шудааст.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Номзадии Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ аз ҳавзаи № 1-и Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардид, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ҳизб.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, номзадии хонум Раҳмонӣ дар конфронси пешазинтихоботии ин ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҳамзамон ҳавзаи рақами 1 Тоҷикистон аст, пешниҳод шудааст.

Бинои ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси ҲНИТ аз Кӯлоб номзади интихобот шуд

Ба гуфтаи Файзраҳмонов, дар ин конфронс, ки 9 январ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз 60 вакил 56 нафар бо ҳузури Алиакбар Сафаров — намояндаи Комиссияи ҳавзавии интихобот, Муҳаммадкарими Орзу — муовини раиси ҲНИТ, Муҳаммадҷони Нурӣ — мушовири раиси ин ҳизб, иштирок доштаанд.

Зарафо Раҳмонӣ соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1999 Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ва соли 2008 факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз ноябри соли 2008 то соли 2011 раиси бахши фарҳанг ва иршоди ҲНИТ, аз соли 2011 то 2012 муовини раиси дастгоҳи ҲНИТ ва аз соли 2012 то имрӯз мушовири ҳуқуқии раиси ин ҳизб мебошад. Узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ, узви Иттифоқи журналистони ҶТ ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Нишот" мебошад.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳокими кишвар аз ҳавзаи рақами ноҳияи Фирдасӣ номзадии Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала