Таъсиси осорхонаи журналистон дар Душанбе дар назар аст

© Sputnik Амир ИсаевМаҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод". Акс аз бойгонӣ
Маҷмааи табъу нашри Шарқи Озод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қайд мешавад, ки ин иқдом аз ҷониби Иттиҳодижурналистони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар Душанбе осорхонаи журналистони Тоҷикистон таъсис меёбад, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Қайд мешавад, ки ин иқдом аз ҷониби Иттиҳодижурналистони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

"Дар осорхона бештар радиову диктофони кӯҳнаву муосир, дастгоҳи аккосӣ, мошинаҳои чопӣ, шаҳодтаномаи журналистон, маҷаллаву нашрияҳо, дастурҳои таълимӣ ва акси хабарнигорон ҷой дода хоҳад шуд",- иброз доштаанд масъулини ИЖТ.

Роҳбарияти иттиҳодия бо нашри эълон аз ҳамаи хабарнигорон барои иҷрои ин кор кӯмак хостаанд. Ва қарор аст, ин осорхона дар толори ҶДММ "Чархи гардун", дар ошёнаи якуми бинои "Шарқи озод" (ГЖК), ҷойгир мешавад.

Маврид ба ёдоварист, аввалин рӯзномаи тоҷикӣ "Бухорои шариф" маҳсуб гардида, рӯзи ба дасти чоп расидани якумин шумораи он ҳамчун "Рӯзи матбуоти тоҷик" ёд мешавад. Нахустшумораи "Бухорои шариф", аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11-уми марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро ба нашр расид.

Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри «Бухорои шариф» заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла "Шӯълаи инқилоб" ва "Овози тоҷик" фароҳам кард.

Аз соли 1994 бад ин сӯ бо тасмими парлумони Тоҷикистон  рӯзи 11-уми март ба унвони «Рӯзи матбуоти тоҷик» таҷлил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала