Салимзода аз ноҳияи Айнӣ номзад ба вакилии парлумон шуд

© Sputnik Амир ИсаевОлим Салимзода. Архивное фото
Олим Салимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Олимҷон Салимзода дар гузашта ду дафъа вакили парлумон интихоб шудааст. Дар соли 2005 ва дар соли 2010 ҳар ду дафъа низ аз ҷониби ҲХДТ.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Олимҷон Салимзода, вакили кунунии парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва чанде аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакет дубора аз ҲХДТ номзад шуд, хабар медиҳад сомонаи ин ҳизб.

Конфронси муштараки ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ 12 январ баргузор шуд ва зимнан 70 нафар вакил аз навоҳии Айниву Мастчоҳ ва қисман аз Панҷакент ширкат кардаанд. Сомона хабар медиҳад, ки дар конфронс раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадҷобир Ризоев ва раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназар ширкат доштаанд.

Олимҷон Салимзода дар гузашта ду дафъа вакили парлумон интихоб шудааст. Дар соли 2005 ва дар соли 2010 ҳар ду дафъа низ аз ҷониби ҲХДТ.

Салимзода яке аз муаллифони Қонуни ҶТ "Дар бораи васоити ахбори омма" аст. Ин қонун дар соли 1990 қабул гардида буд. Аммо лоиҳаи ҷадиди ин дар соли 2013 аз ҷониби вакилони парлумон пазируфта шуд.

Лентаи хабарҳо
0