Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Яке аз қадимтарин кинотеатрҳои Тоҷикистон дар Душанбе тахриб мешавад

© Sputnik Игорь ЛекаркинКинотеатри "Ватан". Акс аз бойгонӣ
Кинотеатри Ватан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қадимтарин кинотетари Душанбе- «Ватан» вақтҳои наздик аз байн бурда шуда, дар ҷойи он бинои серошёнаи муосир бунёд мегардад, ки ошёнаи якуми он дорои кинотеатри нав хоҳад буд.

Душанбе, 12 янв — Sputnik.Кинотеатри  «Ватан» воқеъ  дар хиёбони Рӯдакии шаҳри  Душанбе тазриб шуда, дар ҷойи он бинои серошёнаи муосир бунёд  мегардад, ки ошёнаи  якуми он дорои кинотеатри нав хоҳад буд, иброз дошт Асаддуло Раҳмон, раиси Кумитаи  телевизион  ва радио, иттилоъ медиҳад Ховар.

Ба қавли ӯ, ин иншоот ба Нақшаи генералии пойтахт шомил шудааст ва он аз байн бурда мешавад.

«То бунёд  шудани кинотеатри нав метавонед филмҳоро дар  кинотеатр ба номи Ҷомӣ  тамошо  кунед",-афзуд оқои Раҳмон.

Кинотеатри "Ватан" солҳои 50-уми садаи гузашта бунёд гардида, лоиҳаи он аз ҷониби Пётр Кузменко, меъмори шинохта, бинокори шоистаи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст. Ба ҷузӣ ин, Кузменко 200 иншооти гуногунро дар Душанбе меъморӣ кардааст.

"Ватан" яке аз рамзҳои пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ ба шумор мерафт.

Дар чорчӯби Нақшаи генералии Душанбе чанд бинои рамзии пойтахт тахриб гардид, ки "Почтаи марказӣ" ё ба истилоҳ "Главпочтамт" ва биноҳои дигари дуву сеошёна ба ин рада дохил мешаванд.

Ба иттилои расида, вақтҳои наздик бинои кинотеаатри "Ҷомӣ" ва шаҳрдории Душанбе низ аз байн бурда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала