Додгоҳи олӣ “Салафия”-ро ҷараёни экстримистӣ эълон кард

© Sputnik Амир ИсаевДодгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Равияи мазҳабии “Салафия” аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта ба ҳайси иттиҳоди экстримистӣ ё ифротгаро шинохта шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҷараёни тозапайдои диннии "Салафия", ки фаъолияташ аз соли 2009 инҷониб дар Тоҷикистон мамнуъ буд, ахиран бо қарори Додгоҳи олӣ иттиҳоди экстримистӣ эълон шудааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Равияи мазҳабии "Салафия" аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта ба ҳайси иттиҳоди экстримистӣ ё ифротгаро шинохта шуда ва бо ҳалномаи ин додгоҳ торнамоҳои равияи мазкур баста шудаанд.

"Озодӣ" аз қавли вазорати умури дохилии Тоҷикистон менависад, ки тасмими додгоҳ дар пайи фаъолиятҳои рӯзафзуни пайравони "Салафия" дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Як масъули дафтари матбуоти ВУД гуфтааст, пайравони "Салафия" ҳоло дар ҳудуди Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд бештар шуда, "бо роҳҳои ғайриқонунӣ сокинонро ба ин ҷараён ҷалб мекунанд".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала