Қудратов хост, тафтишоти судии парвандааш аз сари нав анҷом шавад

© SputnikДодгоҳи шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисикунандаи мурофиа посух додааст, ки ин дархостро дар хонаи машваратӣ меомӯзад. Дар идома Қудратов иттиҳоми порадиҳиро алайҳи худ беасос хонда, изҳор доштааст, ки “боре ҳам аз пора суҳбат накардааст”.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси муттаҳам дар қаллобию порадиҳӣ аз Додгоҳи Душанбе хост, тафтишоти судии парвандааш аз сари нав анҷом шавад, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Суханронии Қудратов дар додгоҳ 12 январ сурат гирифт.

"Ҷузъиёти парвандаи ман дар рафти мурофиа пурра омӯхта нашудааст", —гуфтааст ҳуқуқшиноси муттаҳам.

Раисикунандаи мурофиа посух додааст, ки ин дархостро дар хонаи машваратӣ меомӯзад. Дар идома Қудратов иттиҳоми порадиҳиро алайҳи худ беасос хонда, изҳор доштааст, ки "боре ҳам аз пора суҳбат накардааст".

Ӯ аз додрас хостааст 6 сабти суҳбатҳояшро, ки дар парванда ҷой доранд, омӯзад. Ба қавли вай, дар ягон ҷо ӯ дар бораи пул суҳбат накардааст ва мафҳуми пораро низ кор набурдааст.

"Инчунин омӯхта шавад, ки дар сабтҳо суханҳои маро бурида мантаж кардаанд. Ба он низ таваҷҷуҳ шавад, ки сабти суҳбатҳои ман ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, чун санади судӣ барои ин кор вуҷуд надорад", — афзудааст Қудратов.

"Дар баёноти Низамов низ мухолифат дида мешавад. Дар як ҷо гуфтааст, ки намедонад, зери мафҳуми хизмат ман чиро дар назар доштам, дар як ҷои дигар ба ин суол посух додааст, ки пайхас бурдааст, ки ба ӯ пул доданӣ будаам", — илова кардааст Қудратов.

Ӯ инчунин аз айбдоркунандаи давлатӣ эрод гирифтааст, ки нишондодҳои раиси ширкати "Пайванд"-ро ба назар нагирифтааст, ки баёноти Қудратовро тасдиқ мекунанд. Инчунин аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки мусодираи молу амволаш талаб карда шудааст.

"Ақаллан исбот кунанд, ки телефони ман, ки ба сифати далели шайъӣ гирифта шудааст ва ё мошинам, ки дар ҳабс қарор дорад, бо роҳи ҷиноӣ ба даст омадаанд", — афзудааст ҳуқуқшинос.

Қудратов аз додгоҳ хост, парванда алайҳи ӯро аз рӯи моддаи порадиҳӣ қатъ кунад, чун дар аъмолаш таркиби ҷиноят дида намешавад.

Дар мавриди даъвои Турабек Охунов, ки Қудратовро барои аз худ кардани 7 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мекард, айбдоршаванда илова намуд, гарчанде аз Охунов маошашро гирифтааст, хешутабораш то ҳол маблағи мавриди даъвои Охуновро пардохт кардаанд. Ӯ аз додрас хост, ба ин масъала низ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Дар пайи шунидани сухани ниҳоӣ додраси парванда изҳор дошт, қарорашро фардо, 13 январ эълон хоҳад кард ва ба хонаи машваратӣ рафт.

Лентаи хабарҳо
0