Номзадҳои ҳизби коммунист аз санҷиши забони тоҷикӣ гузаштаанд

© Sputnik Интихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳудуди ҳафтод нафар номзад ба вакилии порлумони Тоҷикистон то ба имрӯз дар Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ аз санҷиши забони давлатӣ гузаштаанд.

Душанбе, 13 янв — Sputnik. Ҳамаи 7 номзад ба вакилии порлумон аз феҳрасти Ҳизби коммунист аз санҷиши забони тоҷикӣ ба хубӣ гузаштаанд, хабар додааст Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи КМИХ.

Санҷиш рӯзи душанбеи 12-уми январ дар Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ баргузор шудааст.

То ба имрӯз 67 номзад аз ин санҷиш гузаштаанд, вале радио рӯшан намекунад, ки ин афрод аъзои кадом ҳизбҳо ҳастанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки аз санҷиши забони тоҷикӣ (давлатӣ) куллия 28 номзади феҳристи ҳизбии Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон гузаштаанд.

Санҷиши номзадҳо аз сӯйи аъзои КМИҲ ва забоншиносон сурат мегирад. Номзадҳо муваззафанд ба забони давлатӣ тарҷумаи ҳоли худро навишта ва дасти кам як сафҳаро қироъат кунанд ва дар мавзӯъҳои умумӣ сӯҳбат кунанд. Барои ин ба онҳо як соъат вақт иттихоз мешавад.

Онҳо дар бораи Қонуни асосӣ, истиқлолият, раммзҳои давлатӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, шаҳри Душанбе, дар бораи танзими маросим, дар бораи муваззафоти волидайн дар тарбияи фарзанд ва дар бораи нерӯгоҳи Роғун сӯҳбат мекунанд.

Интихоботи вакилони давраи панҷуми Маҷлиси намояндагон рӯзи 1-уми март баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала