Ширкати “Фароз” арзиши гази моеъро 28% арзон кард

© Sputnik Амир Исаевширкати "Фароз". Акс аз бойгонӣ
ширкати Фароз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Фароз” барои моҳҳои зимистон арзиши гази моеъро арзон кардааст. Дар ин муддат муштариён як литр гази моеъро метавонанд бо арзиши 2,5 сомонӣ харидорӣ кунанд, ки дар муқоиса бо нархҳои қаблӣ 1,7 сомонӣ арзонтар аст.

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ширкати "Фароз", ки миқдоре аз марокизи фурӯши маводди сӯхтиро дар ихтиёр дорад, бо пахши як баёния бо дарназардошти афзоиши воридоти ин навъи маводди сӯхт ва болоравии теъдоди муштариён аз коҳиши арзиши он хабар додааст.

Дар марказҳои фурӯши маводди сӯхтии ширкати "Фароз" як литр ин маводди сӯхтӣ бо нархи 2,5 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар муқоиса бо арзиши қаблии 3,2 сомонӣ 28% арзонтар аст.

"Воридоти гази моеъ ҳамасола дар баробари афзоиши муштариёни он афзоиш меёбад. Аммо қиммати фурӯши чаканаи он баланд аст, ки боиси норизоиятии муштариён мегардад", — таъкид шудааст дар баёния.

Тибки иддаъои масъулони ширкат, онхо бо ин роҳ қасд доранд низоми арзиш дар бозори маводди сӯхтиро танзим карда, дар оянда низ сиёсати коҳиши қимматҳо дар марокизи фурӯши маводди сӯхтии ширкатро таъмин кунанд.

Истифода аз гази моеъ ба гунаи навъи маводди сӯхтӣ барои мошинҳо дар Тоҷикистон аз соли 2010, баъди афзоиши чашмраси қиммати бензин дар кишвар дар пайи роҳандозии аворизи гумрукӣ дар Русия (кишвари аслии содиркунандаи бензин барои Тоҷикистон) барои кишварҳои ғайри узви Иттиҳоди гумрукӣ (Русия, Қазоқистон, Белорус) оғоз шуд. То соли 2010 Тоҷикистон маводди сӯхтӣ аз Русияро бо аворизи гумрукии сирф ворид мекард.

Дар солҳои баъдӣ теъдоди истифодабарандагони гази моеъ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта ва феълан аз куллия миқдори васоили нақлия 40% аз гази моеъ истифода мекунанд, ки қиммати он нисбат ба бензин ду маротиба арзонтар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала