Тими мунтахаби футболбозони ҷавони тоҷик озими Санкт-Петербург шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод ба пойтахти шимолии Русия сафар карданд. Дар ин мусобиқа 12 тими мунтахаб аз кишварҳои мухталиф ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тими мунтахаби футболбозони ҷавони тоҷик (U-21) барои ширкат дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2015 озими шаҳри Санкт-Петербург шуд, хабар медиҳад сойти ФФТ.

Бо ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мураббӣ Алишер Тӯхтаев ба пойтахти шимолии Русия 25 нафар шомил шудаанд, ки аз онҳо 19 нафар футболбоз ҳастанд.

Зикр мешавад, ки дар бозии нахустини худ дар Ҷоми Иттиҳод-2015 тими мунтахаби Тоҷикистон 17-уми январ бо тими Қазоқистон рақобат мекунад.

"Ин бозӣ соати 14:15 бо вақти маҳаллӣ (16:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Рӯзи дигар, 18-уми январ шогирдони Алишер Тӯхтаев бо ҳамтоёни худ аз Африқои Ҷанубӣ вориди мусобиқа шуда, 20-уми январ бо тими Литва бозии ниҳоӣ хоҳанд кард" — хабар медиҳад ФФТ.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ҳамчунин тими мунтахаби футболбозони ҷавон аз Белорус, Туркманистон, Эстония, Финляндия, Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия, Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0