Қочоқи маводди мухаддирро тундагорён назорат мекунанд

© AP Photo/Rahmat GulМаводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳҳои террористӣ раванди тавлид ва қочоқи маводди мухаддирро дар Афғонистон назорат мекунанд, зеро ҳокимият дар минтақаҳо шабона ба дасти онҳо мегузард.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раванди тавлид ва қочоқи маводди мухаддир дар 19 вилояти Афғонистон таҳти назорати гурӯҳҳои тундрави мазҳабии Толибон ва Ансорулллоҳ қарор дорад, хабар додааст Радиои Озодӣ бо истинод ба бахши Ожонсии мубориза бо маводди мухаддир дар минтақаи Кӯлоб.

Коршиносони мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон ба ин расона гуфтаанд, ки ҳамарӯза бо фарорасии шом ҳокимият дар вилояти Бадахшон, Қундуз ва Таҳор ба дасти Толибон ва Ансоруллоҳ мегузарад.

"Қочоқи маводди мухаддир аз марзи Тоҷикистон нимашабӣ сурат мегирад. 70% қаламрави вилоёти Афғонистон аз сӯйи гурӯҳҳои низомии ғайридавлатӣ назорат мешаванд ва онҳоро на ИМА ва на абарқудратҳои дигар натавонистанд шикаст диҳанд", — гуфтааст ба радио раиси бахши Ожонсии мубориза бо маводди мухаддир дар минтақаи Кӯлоб Маъруф Саъдуллоев.

Ба гуфтаи вай, дар се моҳи ахири соли 2014 30 мавриди убури ғайриқонунии марз аз сӯйи шаҳрвандони Афғонистон мушоҳида шудааст. Ба иттилоъи ниҳодҳои интизомии Кӯлоб, дар соли гузашта беш аз 1 ҳазору 500 килограмм маводди мухаддир забт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0