Соли гузашта ҷасади 862 нафар атбои тоҷикро ба ватан овардаанд

Вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон арқоми атбои фавтидаи тоҷик дар соли 2014 дар Русияро эълом кард, ки нсибат ба соле пеш 14% камтар будааст.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 860 ҷасади ("груз-200") муҳоҷирон оварда шудааст, ки нисбати соли 2013 14% камтар мебошад, гуфтааст вазири кор ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дар нишасти хабарӣ рӯзи панҷшанбе, хабар медиҳад хабаргузории "TojNews".

Соли 2013 миқдори ҷасади атбои тоҷик, ки аз Русия оварда шуда буд, 1006 нафар буд.

Ба гуфтаи Тағойзода, иллати марги 862 атбои тоҷик дар соли 2014 мухталифанд — қатл, бемориҳо ва ҳолатҳои нохуш.

Тибқи омори расмӣ, ҳамасола дар Русия ҳудуди як ҳазор шаҳрвандони тоҷик ҷони худро аз даст медиҳанд. Маъмулан иттилоъ дар бораи мизони маргу мир атбои тоҷик дар кишварҳои дигар эълом намешаванд.

Бар асоси иттилоъи Хадамоти муҳоҷират, дар соли 2014 834 ҳазор нафар озими кишварҳои хориҷӣ шудаанд, ки аз ин миқдор 660 ҳазор нафар дар Русия муҳоҷирони корӣ будаанд.

Дар ҳамин ҳол Идораи муҳоҷирати Русия хабар дода буд, ки дар поёни соли гузашта дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион шаҳрвандони тоҷик ҳузур доштаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала