Фаъолон озодии Шӯҳрат Қудратовро тақозо доранд

© Sputnikсафҳаи "Facebook". Шӯҳрат Қудратов
сафҳаи Facebook. Шӯҳрат Қудратов - Sputnik Тоҷикистон
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварии имзо ба ҳимояи Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ, ки ахиран бо ҳукми зиндон барои 9 сол равонаи зиндон шуд, оғоз шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Озодии Шӯҳрат Қудратовро, ки ахиран ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, ҳудуди 80 шаҳрванди Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ дар муроҷиъат ба президент Эмомалӣ Раҳмон талаб кардаанд, хабар медиҳад Facebook.

Ин муроҷиатнома, ки Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ унвонӣ шудааст, дар бахши "Платформа" аз сӯйи корбар Саид Сафаров мунташир шудааст.

"Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои тоҷик, ки дар ИМА, Литва, Русия, Қирғизистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба сар мебарем, аз ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нисбати вакили мудофеъи саршиноси тоҷик, узви раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон сахт нигарон ҳастем, ки Шӯҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард" — омадааст дар муроҷиатнома.

Фаъолоне, ки зери ин муроҷиатнома имзо кардаанд, иддаъо доранд, ки ин қазияро ҳамвора пайгирӣ мекарданд ва муътақиданд, ки тасмими ҳабси вай аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест.

© SputnikОбращение активистов президенту в поддержку Кудратова. Facebook
Обращение активистов президенту в поддержку Кудратова. Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обращение активистов президенту в поддержку Кудратова. Facebook

"Дар парвандаи Шӯҳрат Қудратов нофаҳмиҳо зиёд аст ва бозрасон натавонистанд далоили гуноҳи ӯро ба ҷомеъа пешниҳод кунанд. Гузашта аз ин, тақрибан ҳамаи шоҳидон аз даъвои худ нисбати Шӯҳрат Қудратов даст кашиданд ва дар муҳокимаи додгоҳӣ изҳор доштанд, ки аз сӯйи айбдоршаванда ягон амали ҷиноятӣ надидаанд. Ҳамчунин дар ҳукми ғайриқонунӣ таъкид мешавад, ки Қудратов барои нахустин бор ҷиноят содир мекунад, ки ин нукта бори дигар собит месозад, ки вай шахсест, ки ҳаргиз қонунро нақз накардааст" — изҳор доранд фаъъолон.

Ба ин далел имзокардагони муроҷиъатнома чунин мешуморанд, ки ин парванда "ки ба меъёрҳои қавонини байналмиллалӣ муғойир аст ва ба далели адами далоили иттиҳомот" аз нав муҳокима шуда ва Шӯҳрат Қудратов озод карда шавад. Чунин тасмим метавонад ба барқарор шудани эътимоди мардум ба ҳокимияти иҷроия ва низоми додгоҳӣ дар кишвар мусоъидат кунад.

"Дар акси ҳол мо водор мешавем, ки иқдомоти мушобеҳи интиқодиро идома дода, ба куллия созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар муроҷиъат карда, дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон то иҷрои комили дархости мо ошкор ҳарф занем", — ҳушдор додаанд муаллифон.

Зери ин муроҷиатнома ҳуқуқдон Файзинисо Воҳидова, Бахтиёр Сатторӣ ва хабарнигор Анора Саркорова имзо гузоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала