Сафир: даргириҳо дар марз наҳваи нигаронкунанда касб карданд

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкГузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ
Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дипломат баъйид намедонад, ки даргириҳо дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба суди нерӯи севвуме бошад, ки намехоҳад ин ду кишвар дар заминаи масоили энержӣ мавзеъи яксон дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Даргириҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон наҳваи мунтаззам ва хатарнок касб кардаанд ва ин вазъро ҳалли сареи мушкилоти марзӣ метавонад ҳал кунад, гуфтааст сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов дар сӯҳбат бо хабаргузории "Авеста".

Ба далели таъйин нашудани хутути марзӣ миёни сокинони рустоҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамвора даргириҳо, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ, рух медиҳанд.

"Вале даргириҳои наздимарзиро наметавон ҳамчун мухолифати душманона ва сабрнопазирии ду миллат унвон кард, — мегӯяд Мирослав Ниёзов. — Истиқлолият ба наҳваи маъмулии сокинони манотиқи ҳаммарз тағйирот ворид сохт. Дар ин ҷо на танҳо баҳсҳои марзӣ, балки масоили истифода аз захоири об, истифодаи муштарак аз чарогоҳҳо ба ҳам печидаанд. Ин масоили басо мушкил аст, ки ба зиндагии ҳамарӯзаи ҷонибҳо рабт дорад".

Ниёзов бар ин назар аст, ки баҳсҳои кӯчак ба ихтилофоти миёниқавмӣ табдил меёбанд. Ба эътиқоди вай, вазъи ба амаломадаро ҳалли сареъи ихтилофти марзӣ ва тақсими боадолати манобеъ миёни сокинони манотиқи марзӣ метавонад ҳал кунад.

Сафир ин нуктаро низ баъйид намедонад, ки ихтилофти марзӣ ба суди нерӯи севвум аст, ки намехоҳад ин ду кишвар дар масоили энержӣ мавзеъи яксон дошта бошанд. Вале ин нукта, ба эътиқоди вай, бояд ҳар ду ҷонибро барои ҳалли ин мушкил ташвиқ кунад.

"Ҳамгироии истротежики миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон суди беандоза дорад. Ва ба ҷуз аз чунин ҳамкорӣ роҳи дигаре нест. Мо бояд инро дар кунем. Шояд касе алоқаманд аст, ки миёни кишварҳои мо вобаста ба ихтилофоти марзиву обу энержӣ ихтилофотеро роҳандозӣ кунад. Вале ин нукта набояд монеъи рушди равобит шавад ва баръакс бояд кумиссиюнҳои таъйини хутути марзии ҳар ду кишварро ба ҳалли ҳар чи зудтари ихтилофот ташвиқ кунад", — гуфт Ниёзов.

Сафир таъкид кард, ки мавзеъи бидуни гузаштҳо ва сангин вазъро боз ҳам печидатар месозад ва бояд наҳваи гузаштҳо ва роҳҳои ҳалли ғайримаъмулӣ рӯйи даст гирифта шаванд.

"Мутмаинам, ки раҳбарияти ҳар ду кишвар зеҳни сиёсии кофӣ доранд, ки ин ҳама мушкилот бо роҳи сулҳомез ҳалл карда шаванд. Дар асл шаҳрвандон бояд худро дар шароити амн ва бароҳат, новобаста аз шаҳрвандӣ эҳсос кунанд", — гуфт вай.

Нишасти ахири гурӯҳҳои корӣ барои таъйини хутути марзӣ рӯзҳои 15 ва 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд ва дар бораи натоиҷи он то ҳол иттилоъ пахш нашудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо такя ба аснод ва харитаҳои солҳои мухталиф ба ҳалли масоили марзӣ назароти мухталиф доранд.
Имтидоди марзи миёни ду кишвар ҳудуди 980 километр аст, ки қисмати аслии он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қаламрави Қирғизистон ҷазиразамини Тоҷикистон Ворух воқеъ аст.

Миёни сокинони рустоҳои ҳаммарз ҳамвора даргириҳо рух медиҳанд. Ба иттилоъи Идораи марзбонии Қирғизистон дар соли 2014 дар ин минтақа 32 даргирӣ рух додаанд.

Лентаи хабарҳо
0