Таърихшиноси олмонӣ: Освенсимро СССР озод кард, на Ғарб

Таҷлил аз 70-мин солгарди озодии Освенсим бидуни ширкати намояндагони Русия таҳқири фавтидагон ва амали аз лиҳози сиёсӣ бемасъулиятӣ аст, мегӯяд Гетс Алӣ.

ДУШАНБЕ, 19 янв —Sputnik. Ба ҷашни озодии Освенсим даъват накардани намояндагони Русия тасмими нодуруст ва ғайри таҳаммул аст, иқтибос овардааст РИА Новости суханони таърихшиноси олмонӣ Гетс Алиро, ки дар рӯзномаи Berliner Zeitung мунташир шудааст.

"Освенсимро на Лаҳистон ва на "Ғарб", на "ҷомеъаи маданӣ" ё НАТО, балки нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ озод кардаанд. Ба ин далел баргузории ҷашни 70 солагии озодии Освенсим бидуни намояндагони Русия амали нодуруст, бетаҳаммул ва аз лиҳози сиёсӣ дурандешона нест" — навиштааст вай дар матлаби худ.

Ба эътиқоди Гетс Алӣ, Зоҳиран ин иштибоҳ бар дӯши мақомоти Лаҳистон аст, вале рафтори Олмон низ суолотеро ба дунбол дорад.
"Садри аъзам вонамуд мекунад, ки ба ин тасмим рабте надорад. Вале мусаллам аст, ки вай ин тасмимро дуруст ҳисобида, зеро 27-уми январ раиси ҷумҳур Гаук ба унвони "одами хуб" дар бораи арзишҳо ва масъулияти таърихӣ ҳарф мезанаду русҳо дар ин вақт ба унвони "одамони бад" бояд дар хона нишинанд. Аҷиб? Не — бисёр бад", — навиштааст таърихшинос.

Гетс Алӣ ҳамчунин ёдовар мешавад, ки дар суфуфи артиши Шӯравӣ ҳудуди ним миллион яҳудиҳо ҷангидаанд ва 200 ҳазор нафари онҳо дар ҷангҳо ё дар асорати олмониҳо фавтидаанд. "Бо вуҷуди ин, мақомоти сиёсии олмонӣ то ҳол аз эҳтироми артиши Шӯравӣ, ҳамчунин ба сарбозони фавтидаи яҳудитабор, худдорӣ мекунанд", — зикр кардааст вай.

Дар ниҳоят, зимни шарҳи лаҳзаи озодии Освенсим, ки 27-уми январ рух дод ва беш аз 200 сарбози рус дар он фавтиданд, таърихшинос навиштааст: "Дар миёни маҳбусон нидои хурсандӣ баланд шуд: "Русҳо дар ин ҷо!"

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала