“Давлати исломӣ” барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ $70 миллион ҷудо мекунад

© Sputnik "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ
Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар суфуфи гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ҷунбиши “Осиёи Марказӣ” таъсис шудааст, ки ба он намояндагони кишварҳои минтақа шомил гардиданд. Барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ ба ҷунбиш маблағҳои зиёд иттихоз шудаанд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раҳбарияти "Давлати исломӣ" тасмим гирифтааст барои ташаннуҷи вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа дар ҷануби Қирғизистон, 70 миллион ҷудо кардааст, хабар медиҳад "CA-News" бо иқтибос ба мазҳабшинос Қодир Маликов.

Ин иттилоъро Маликов ба хабарнигорон имрӯз, 20-уми январ дар нишасти хабарӣ дар хабаргузории "АКИpress"-Қирғизистон эълом дошт.

Ба гуфтаи коршинос гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар Сурия ва Афғонистон фаъъолият мекунад, аз имконоти фаровони молӣ бархурдор аст.
"Дар ин гурӯҳ ҷунбиши "Осиёи Марказӣ" таъсис шудааст, ки ба он намояндагони кишварҳои минтақа — Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон шомил шудаанд. Ҳадафи асосӣ — ташаннуҷи вазъ дар Ӯзбакистон аст", — шарҳ дод вай.

"Давлати исломӣ" соли 2006 дар Ироқ аз тариқи муттаҳидшавии ёздаҳ гурӯҳҳои исломии тундгаро ба раҳбарии бахши маҳаллии "Ал-Қоида" таъсис шудааст. Теъдоди ҷангиёни ин гурӯҳ ба даҳҳо ҳазор нафар расида ва дар ихтиёри онҳо таслиҳоти вазнин ҳаст. Онҳо фаъолияти тундгароёна бурда, ба шумори зиёди амалиёти террористӣ алайҳи неруҳои амрикоӣ ва НАТО дар қаламрави Ироқ, зидди низомиёни ироқӣ ва ҳамчунин зидди сокинони осоишта гунаҳкоранд.

Ин гурӯҳ дар тобистони соли 2012 замоне, ки дар манотиқи шимолӣ ва ғарбии Ироқ ва ҳамчунин дар шимоли Сурия (Курдистон) амалиёти низомӣ мебурданд, шӯҳрат пайдо карданд. Ба тундгароён муяссар шуд, ки дар тӯли як моҳ назорати чанд шаҳрро зери итоати худ бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала