ВАО: раҳбари ДИ ал-Бағдодӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ҷароҳат бардоштааст

© AP Photo/Militant video, FileАбу Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ
Абу Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рушди бо суръати ДИ, ки сарҳади қобили таваҷҷуҳи Ироқ ва Сурияро ғасб кард, яке аз масоили умдаи соли 2014 буд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раҳбари гуруҳи террористии "Давлати исломӣ " Абу Бакр ал-Бағдодӣ дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ дар шимолу ғарби Ироқ ҷароҳати вазнин бардоштааст, бо такя ба нашрияи "Ал-Ҳаёт" хабар медиҳад РИА Новости.

"Абу Бакр ал-Бағдодӣ, раҳбари ДИ, дар шаҳри Эл-Қаим (дар наздикии сарҳади Ироқу Сурия) дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ҷароҳати вазнин бардошта, аммо зинда мондааст", — менависад нашрия.

Рушди бо суръати ДИ, ки сарҳади қобили таваҷҷуҳи Ироқ ва Сурияро ғасб кард, яке аз масоили умдаи соли 2014 буд. Ин гуруҳ, ки тибқи маълумотҳои СРУ наздик ба 30 ҳазор нафар баровард мешавад, дар ҳудудҳои ишғол кардааш давлати исломӣ барқарор кардааст.

ИМА бо дастгирии як қатор кишварҳои ҷонибдораш, аз ҷумла давлатҳои арабӣ шурӯъ аз 23-юми сентябр ба қаламрави таҳти тасарруфи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад ва чунин амалиётро низ дар ҳарими Ироқ ба роҳ мондааст. Дар ҳамин ҳол, Амрико бе иҷозаи ҳукумати Сурия ба ин иқдом даст задааст. Вашингтон дар ин росто ба мухолифини ҳукумати Башор Асад, ки дар як вақт ҳам алайҳи ҳукумат ва ҳам бар зидди размандагони "Давлати исломӣ" меҷанганд, кӯмак мекунад.


© Sputnik / РИА НовостиИсламское государство
Исламское государство - Sputnik Тоҷикистон
Исламское государство

 

Лентаи хабарҳо
0