ҲСДТ аз интихобот бо нишони эътироз даст мекашад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксУрна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора ҲСДТ, бо имзои Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳизб иттилоия пахш карда, афзудааст, ки даъвати Анҷумани фаврии ҳизбаш барои байкоти интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ аст.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нишони эътироз ба ҳукми Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ин ҳизб иштирок дар маъракаи интихоботии 2015-ро мутаваққиф кард, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Дар ин бора ҲСДТ, бо имзои Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳизб иттилоия пахш карда, афзудааст, ки даъвати Анҷумани фаврии ҳизбаш барои байкоти интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ аст.

Шӯрои сиёсӣ қарор кардааст, ки ҳар чӣ зудтар ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат бурда, бозбинӣ ва барқарории адолатро дар қазияи Шуҳрат Қудратов дархост кунад.

Раҳматилло Зоиров таъкид мекунад, ки парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов аз оғоз фармоишӣ ва сохта буда, ҳукми додгоҳ инро собит намуд.

Ӯ таъкид мекунад, ки таъқиби ҷиноии Қудратов ба фаъолияти касбию сиёсии ӯ марбут аст. Раҳбарияти ҲСДТ муътақид аст, ки Қудратов барои танқиди афроди воломақом ва ширкат дар парвандаҳои ҳассос маҳкум шуда, феълан ӯ як маҳбуси сиёсист.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала