Бонувони мошиндузд “Опел”-ро дӯст доштаанд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонк"Опел-Астра". Акс аз бойгонӣ
Опел-Астра. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду мавриди дуздии мошин аз сӯйи бонувонро пулиси Тоҷикистон ошкор кардааст. Ҳар ду бонуи мошиндузд “Опел-Астра”-ро ҳадафи сирқат қарор додаанд.

Душанбе, 21 янв — Spytnik. Барои бори нахуст дар гузоришҳои ВКД хабарҳои мошиндуздии бонувони тоҷик мунташир шуд, хабар медиҳад сойти вазорати умури дохилӣ.

Ба иттилоъи ин вазоратхона, дар чанд рӯзи ахир ду мавриди дуздии мошинҳо аз сӯйи бонувон ошкор шудааст.

"Дар пайи амалиёти иктишофӣ Манзура Турсунова, соли таваллудаш 1980, боздошт шуд, ки 4 сентябри соли 2014 дар маҳаллаи "Садбарг" мошини тамғаи "Опел-Астра"-и Ғафуров Мирзомуддинро дуздидааст", — хабар додааст ВКД.

Дертар маъмурон Наргис Ҳазартқуловаро, соли таваллудаш 1994, боздошт кардаанд, ки 19-уми январи соли ҷорӣ мошини тамғаи мушобеҳи Муҳаммадӣ Муҳаммадиев, сокини Душанберо ба сирқат бурдааст.

"Аз рӯйи ин ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқот идома дора", — хабар медиҳад ВКД.

Лентаи хабарҳо
0