“Қримэнерго”-ро аз Ахметов гирифтанд

Масъалаи миллӣ кардани ширкати “Қримэнерго” аз сӯйи раҳбари Қрим Сергей Аксенов пешниҳод шудааст. Ҳамакнун “Қримэнерго” моли давлатӣ хоҳад буд, гуфт раҳбари Қрим.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Танҳо ширкат дар бозори интиқоли нерӯи барқ "Қримэнерго", ки ба гурӯҳи ширкатҳои ДТЭК шомила буда моли Ренат Аҳматов, сарватманди уроинӣ буд, ба моликияти Қрим гузаштааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Чунин тасмим дар ҷаласаи изтирории Шӯрои давлатӣ якдилона тасвиб шуд — онро 66 вакил пуштибонӣ карданд. Ин масъала аз сӯйи раҳбари Қрим Сергей Аксенов пешниҳод шуда буд.

"Ман дар бораи миллӣ кардани ДТЭК "Қримэнерго" тасмим гирифтам. Ҳамакнун "Қримэнерго" моликияти давлатӣ хоҳад буд", — гуфт Аксенов.

Қаблан вазири сӯзишворӣ ва энержии Қрим Сергей Егоров изҳор дошта буд, ки қатъи садамавии нерӯи барқ дар Қрим, ки 19-20-уми декабри соли гузашта рух дода буданд, ба чанд далел сурат гирифтаанд, ки яке аз онҳо фаъъолияти ғайримуассири ДТЭК "Қримэнерго" мебошад.

Раиси порлумони ҷумҳурӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки "Қримэнерго" "пасипардагӣ ва бидуни риояти сокинон" хусусӣ шуда буд. Ба эътиқоди вай, миллисозии ширкат бо дарназардошти амнияти энержии Қрим тасмими дуруст аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала