Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон бо маҳкум кардани амали маҷаллаи “Шарли Эбдо” гуфтаанд, маҳз эҳтироми боварҳои диннии афроди мухталиф яке аз омилҳои ҳамзистии мусолиматомези фарҳангу адён ва рушди ҷамъият аст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар охирин намози ҷумъа дар саросари масоҷиди Ӯзбакистон имомхатибон амали маҷаллаи "Шарли Эбдо"-ро маҳкум карда, даъват кардаанд, ки эътиқоди афроди дигар эҳтиром шавад, менависад сомонаи 12news.uz.

"Маҳз эҳтироми боварҳои динии афроди мухталиф яке аз омилҳои ҳамзистии мусолиматомези фарҳангу адён ва рушди ҷамъият аст", — гуфтаанд имомхатибон.

"Он чи ки ҳоло демократия номида мешавад, ба ҳеч ваҷҳ иҷозат намедиҳад, ки ба эҳсосоти диннии дигарон нохун зада шавад. Ҳаводисе, ки дар ҷаҳони имрӯз иттифоқ меуфтад, мисли раҳпаймоӣ, тахриби калисоҳо, масоҷид, манозили мардуми осоишта — ин нишонии мустақими беэҳтиромӣ ба боварҳои диннии мусалмонон аст. Хафвноктарин ва фоҷиабортарин ҳодиса дар ин ҷараён марги одамони бегуноҳ аст, ки ба ин ҳодисаҳо ҳич рабте надоранд. Бадбахтона, ҳодисаҳои ба ин монанд, ки дар гузашта рух дода буданд, ба рои кишварҳои ғарбӣ дарси ибрат нагардиданд", — ҳамчунин омадааст дар хутбаи имомохатибон.

Дар намози ҷумъае, ки 23 январ баргузор шуд, мусалмонони Ӯзбакистон ҳамчунин гуфтаанд, ҳич оҳоде ҳақ надорад ба номи пайғамбар Муҳаммад (с.а.с) ришханд бизанад, расм бикашад ва беҳурматӣ намояд, зеро аз ин қабил аъмол метавонад ба нооромиву бесуботии адён, миллатҳову хилқиятҳо бирасонад.

Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кабирӣ дар раҳпаймоии Чеченистон ширкат мекунад

Ёдрас мешавем, ки дар пойтахти Фаронса — Порис 7 январи соли ҷорӣ дар пайи нашри карикатураҳо аз ҷониби маҷаллаи "Шарли Эбдо" 12 нафар кормандони ин нашрия аз сӯи ду нафар, ба қавли расонаҳои дунё, тероррист кушта шуданд. Ба дунболи ин террор дар Порис бо ширкати сиёсатмадорони дунё раҳпаймоии ба хотири ҳамрайъӣ бо маҷалла баргузор шуд. Аммо чанд рӯз ба баъд "Шарли Эбдо" дубора расмҳои тавҳиномез бар пайғамбари мусалмонҳоро нашр кард, ки эътирози мусалмонҳоро ба бор овар.

Дар чанд кишвари мусалмоннишин ин амалро маҳкум карданд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия бо ширкати наздик ба 1 миллион нафар гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0