Ҷоми иттиҳодро Африқои Ҷанубӣ соҳиб шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Мусобиқаи мунтахаби ЕВРО-2012. Бозии Русия - Андорра
Футбол. Мусобиқаи мунтахаби ЕВРО-2012. Бозии Русия - Андорра - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа ҷойи ҳаштумро касб карданд. Футболбозони Русия бошанд, дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони футболи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (U-21) ғолиби мусобиқаи XXIII байналмилалии "Ҷоми Иттиҳод-2015" гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин бозиҳо бо ширкати ҷавонони зери 21-сола дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуданд. Футболбозони ҷавони африқоӣ дар бозии ниҳоӣ, ки шаби якшанбеи 25-уми январ дар маҷмааи варзишию консертии "Петербургский"-и шаҳри Санкт-Петербурги барпо шуд, мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Финляндияро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст доданд.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тими футболбозони тоҷик бозиро ба Туркманистон бохт

Ба ин тартиб, мунтахаби ҶАҶ бо Ҷоми Иттиҳод ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Финляндия барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Мунтахаби Беларус, ки шоми якшанбе дар бозӣ барои ҷойи 3-юм дастаи Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 4-0 шикаст дод, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Мунтахаби Туркманистон ҷойи чорумро касб кард.

Дар ҷойҳои минбаъда дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия (5-ум), Қирғизистон (6-ум), Қазоқистон (7-ум), Тоҷикистон (8-ум), Молдова (9-ум), Латвия (10-ум), Литва (11-ум) ва Эстония (12-ум) қарор гирифтанд.

Соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Русия бо ҳисоби бузурги 4-0 ғалаба карда, барандаи "Ҷоми Иттиҳод-2014" гардида буд. Вале футболбозони ҷавони Украина дар мусобиқаи имсола ширкат накарданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон 25-уми январ дар мусобиқаи "Ҷоми Иттиҳод-2015" дар бозӣ барои ҷойи 7-ум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Лентаи хабарҳо
0