ХФМ хабарҳо мабнӣ ба тарки оммавии муҳоҷирон аз Русияро такзиб кард

© Sputnik / Сергей Сергеев / Гузариш ба медиабонкИстгоҳи қатори Қазон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи қатори Қазон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабарҳо мабнӣ ба далоили бӯҳрони иқтисодӣ тарки оммавӣ кардани муҳоҷирони корӣ аз Русия муболиғоти иттилоотӣ аст, мегӯяд Сергей Абашин,профессори донишгоҳи Аврупои аз Санкт-Петербург.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар қиёс ба моҳи феврали соли 2014 танҳо 2 дарсад коҳиш ёфтааст, менависад хабаргузории "Фергана".

Тибқи иттилои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ХФМР) ба таърихи 20-уми январ дар Русия 2 миллиону 215 ҳазору 780 шаҳрванди Ӯзбакистон, 999 ҳазору 169 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, 597 ҳазору 559 атбоъи Қазоқистон, 544 ҳазору 956 шаҳрванди Қирғизистон ва 24 ҳазору 399 шаҳрванди Туркманистон қарор доштанд.

"Дар муқоиса бо арқоми моҳи феврали соли 2014 теъдоди атбоъи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тақрибан ба 15% ва теъдоди атбоъи Қирғизистон қариб ки тағйир наёфтааст", — зикр кард доктори улуми таърихшиносӣ, профессори донишгоҳи Аврупоӣ аз Санкт-Петербург Сергей Абашин.
Ба гуфтаи вай, дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2014 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон 2% ва шаҳрвандони Ӯзбакистон 4% коҳиш ёфта теъдоди атбоъи Қирғизистон баръакс, тақрибан 4% афзоиш ёфтааст.

"Хулосаҳо: "тарки оммавии" муҳоҷирон ба далели бӯҳрони иқтисодӣ, ки дар борааш ҳама мегӯянду менависанд, муболиғоти иттилоотӣ аст. "Тарки" муҳоҷирон ҷой дорад, вале он маъмулан мавсимӣ аст (чун атбоъи Қирғизистон дар корҳое машғуланд, ки мавсимӣ нестанд ва ба ин далел тарки мавсимӣ ҳам надоранд)", — хулоса кардааст Сергей Абашин.

Қаблан гузориш шуда буд, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ дар аввали моҳи январ дар Русия 70% коҳиш ёфтааст. Вале таззакур дода нашуд, ки ин иттилоъ дар бораи афроди хориҷие аст, ки ба қаламрави Русия ворид шудаанд, на дар бораи теъдоди муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишвар.

Константин Ромодановский, раиси ХФМ-и Русия коҳиши вуруди атбоъи хориҷӣ ба қаламрави он кишварро ба бӯҳрони иқтисодӣ ва танзими қавоиди будубоши онҳо дар Русия рабт дода буд. Раиси Идораи муҳоҷирати Русия хоҳиш карда буд, ки зуд натиҷагирӣ нашавад, зеро ҳанӯз моҳи январ аст ва баъд аз чанд муддат вазъи дигареро назорат кардан мумкин мешавад. Вай ҳамчунин иқрор шуда буд, ки Русия ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад ва эҳтимоли афви муҳоҷиронро баъйид надониста буд. Вале то ҳол дар ин замина иқдоме рӯйи даст гирифта нашудааст.

Ҳамчунин, раисиХФМ хабар дода буд, ки дар феҳрасти ин ниҳод иттилоъ дар бораи 140 миллион атбоъи хориҷӣ ҷамъоварӣ шудааст. Афроде, ки қавоидро нақз кардаанд зуд ошкор мешаванд ва вуруди онҳо вобаста ба мӯҳлате, ки беш аз мӯҳлати қонунӣ дар Русия гузаронидаанд, манъ карда мешавад. Тақрибан дар ду соли ахир ин низом барои 1,2 миллион атбоъи хориҷӣ вуруд ба қаламрави Русияро мамнӯъ кард.

Лентаи хабарҳо
0