Тоҷикистон дар мусобиқоти “Ҷоми Иттиҳод-2015” ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд

© Официальный сайт ФФТТими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозингарони тими Тоҷикистон аз дақоиқи аввал дарвозаи рақибонро ҳадафи ҳамла қарор доданд, вале мудофиъаи футболбозони Қазоқистонро натавонистанд рахна кунанд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тими мантахаби футболбозони ҷавони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод-2015", ки рӯзи якшанбе дар Санкт-Петербург анҷом шуд, мавқеъи ҳаштумро соҳиб шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии ниҳоии худ барои ҷойҳои 7-8 футболбозони тоҷик бо ҳамтоёни қазоқи худ вориди бозӣ шуда онро бо ҳисоби 2:0 бохтанд.

Футбол. Мусобиқаи мунтахаби ЕВРО-2012. Бозии Русия - Андорра - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоми иттиҳодро Африқои Ҷанубӣ соҳиб шуд

"Дар ин бозӣ футболбозони мо аз дақоиқи аввал ба ҳамла гузаштанд, вале аз ҳамлаи ҷавобии Рауан Сариев воқиф монданд ва ӯ тавонистанд ба дарвозаи тими Тоҷикистон, ки онро дарвозабони "Эсхата"-и Хуҷанд дифоъ мекард, як тӯб занад. Баъд аз ин Тоҷикистон ба дарвозаи рақибон ҳамлаҳои пайдарпай кард, вале қазоқҳо бозии беиштибоҳ карда дар анҷом бозӣ Сариев тӯби дуввумро вориди дарвозаи тими Тоҷикистон кард", — хабар медиҳад ФФТ.

Барандаи "Ҷоми Иттиҳод-2015" тими Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шуд ва ҷойи охирони 12-умро тими Литва соҳибӣ кард.

Соли гузашта тими Тоҷикистон дар ин мусобиқот ҷойи 11-умро касб карда буд.

Лентаи хабарҳо
0