Қувватов дар гаравгонгирӣ гумонбар мешавад

Раиси Оҷонсӣ, ки 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, афзуд, Қувватов тариқи зӯроварӣ тиҷоратҳоро аз худ карда, собиқ ҳамкоронашро аз дар берун менамудааст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи "Гуруҳи 24", дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ ва зидди конститутсионӣ, инчунин дар гаравгонгирӣ низ гумонбар дониста мешавад, гуфт Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон.

Реджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Қувватов аз Эрдуғон хост, шавҳарашро ба Тоҷикистон надиҳад

Раиси Оҷонсӣ, ки 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, афзуд, Қувватов тариқи зӯроварӣ тиҷоратҳоро аз худ карда, собиқ ҳамкоронашро аз дар берун менамудааст.

Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки "дар вақти содир намудани ҷиноят Қувватов, яке аз моликони ширкати "Фароз" арзёбӣ мешуд ва оё дар парвандаҳояш номи масъули дигар ё шарикаш низ зикр шудааст?" Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт, дар ҳақиқат ҷабрдидаҳо зиёданд.

"Аммо номҳои онҳоро ифшо накунем, тафтишот рафта истодааст. Ба ягон тараф таъсиррасонӣ нашавад. Дар ҳақиқат, ҷабрдидаҳо зиёданд, ҳастанд одамҳое, ки якҷоя кор кардаанду баъдан онҳоро аз дар пеш кардааст. Ҳолатҳои гаравгонгирӣ ҳам ҳаст. Одамҳоро дар Қӯрғонтепаю Душанбе то як моҳ дар гарав нигоҳ медоштааст то тиҷорати онҳоро аз худ кунад. Дар ин миён шаҳрванди Афғонистон низ қарор дорад", — илова кард раиси Оҷонсӣ.

Раиси Оҷонсӣ афзуд, ҳукми боздошти Қувватов дар ғайби вай содир шудааст.

Муҳамадзода Ҷамолиддин, корманди Оҷонсӣ, ки масъулияти парвандаҳои Қувватовро бар дӯш дорад, изҳор дошт, ки феълан алайҳи ин муттаҳам бо моддаи 245 ва 247, дуздию қаллобиҳо парванда оғоз шуд.

"Ӯ аз ҷониби мақомоти мо дар кофтукоб эълон шудааст. Маводҳояш ба Интерпол пешниҳод гардиданд. Вақти боздошташ дар Дубай мақомоти Арабистон дархости моро қонеъ накарданд, феълан дархостро ба Туркия равон кардем", — афзуд Муҳаммадзода.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи "Гуруҳи 24", 19-уми декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.

Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои "Гуруҳи 24", ки 9-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала