Бахши омӯзишу парвариш фасодзадатарин арса дар Тоҷикистон аст

© Sputnik / Амир ИсаевАбдуфаттоҳ Ғойиб дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод
Абдуфаттоҳ Ғойиб дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахши омӯзишу парвариш ва тандурустӣ аз ҷиҳати миқдори ҷиноёти фасод дар соли гузашта пешсафанд. Дар миёни ниҳодҳои интизомӣ вазъи аз ҳама нигаронкунанда дар суфуфи пулиси тоҷик аст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар соли 2014 миқдори бештари ҷиноёти фасод дар арсаи омӯзишу парвариш ошкор шудааст, менависад хабаргузории "Авеста".

"Дар тӯли 12 моҳи соли 2014 дар арсаи омӯзишу парвариш 101 ҷинояти фасод ошкор шудааст", — қайд гардид дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон.

Ба иттилоъи ин ниҳод, дар мавқеъи дуввум бахши тандурустӣ меистад, ки дар он 70 ҷиноят ошкор шудааст.

Вазорати умури дохилӣ дар миёни ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии кишвар пешсаф аст. Кормандони ВКД дар ин муддат дар содир кардани 46 ҷиноят муттаҳам шудаанд.

Дар ниҳодҳои вазорати дифоъ, адлия ва Хадамоти гумрук мутаносибан 14, 12 ва 7 ҷиноят ошкор шудаанд.

Дар ниҳодҳои додситонӣ дар соли гузашта аз ҷониби Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод танҳо як ҷиноятро ошкор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0