Нисбати як номзади ҳизби Зоиров парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Номзадии Соҳибназаров аз феҳристи ягонаи ҲСДТ ва баъдан аз роҳи худпешбарӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 28 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сабт шуда буд.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Мақомоти интизомии вилояти Хатлон алайҳи Фирдавс Соҳибназаров — номзади Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, номзадиашро низ бекор намудаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Номзадии Соҳибназаров аз феҳристи ягонаи ҲСДТ ва баъдан аз роҳи худпешбарӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 28 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сабт шуда буд.

Ин намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ ба "Озодӣ" гуфтааст, парвандааш бофта ва монеагузории мақомот барои роҳ наёфтани ӯ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон аст.

Аммо Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ин парванда бар асоси даъвои раҳбарияти идораи марказии "Тоҷпромбонк" дар Душанбе боз шудааст, ки Фирдавс Соҳибназаров қаблан дар ин бонк ба ҳайси эксперт ё коршиноси қарзӣ кор мекардааст.

"Вақте 15 январ бо роҳи худпешбарӣ бо ҷамъоварии имзоҳо дар ҳавзаи якмандатии рақами 28 номаздиро сабт кардем, рӯзи 23 январ ба додситонии вилоят даъват намуда, аз боз шудани парванда хабар доданд", — мегӯяд Соҳибназаров.

Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ҲСДТ аз интихобот бо нишони эътироз даст мекашад

Вай афзуд, ҳоло мақомот ӯро бар асоси моддаҳои 245, қисми "б" (ришваситонӣ), 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо), 253 (расондани зарари молӣ) ва 262 (фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ) муттаҳам мешуморанд. Соҳибназаров афзудааст, ҳамин ки зери ин парванда барои шинос шудан имзо намудааст, муфатиши додситонӣ гуфтааст, номзадии вай дар ҳавзаи рақами 28-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ бекор карда шуд.

"Озодӣ" менависад, дафтари матбуоти Додситонии вилояти Хатлон сабаби аслии боз кардани парванда алайҳи Соҳибназаровро на ба хотири бекор кардани номзадии вай, балки расидагӣ ба шикояти роҳбарияти "Тоҷпромбонк" арзёбӣ мекунад. Ҳоло Фирдавс Соҳибназаров ҳамчун собиқ коршиноси қарзии ин бонк, ки қаблан барои хунукназарӣ ҳам айбдор шудааст, барои баргардондани 43 ҳазор долларе, ки соли гузашта дар ин бонк гум шуда буд, бояд ҷавоб диҳад.

Соҳибназаров мегӯяд, 18 августи 2014 Шӯъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонии Хатлон қарор дар бораи бекор кардани парванда алайҳи ӯро содир кардааст. Вай илова кард, то замони пешбарии номзадиаш ба ҳавзаи якмандатии ноҳияи Ҷомӣ на додситонӣ ва на додгоҳ ва ҳатто ҳавзаи якмандатӣ дар вақти сабти ҳуҷҷатҳо шикояте надоштаанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров ҳизби мухолифи ҳукумат дониста мешавад ва бо вувуди талошҳояш то кунун ягон намояндаи он ба парлумон роҳ наёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала